Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук

26.04.2019 09:03, Чин

26 апрел дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисерҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору суҳбати навбатиро имкони хубе барои муҳокимаи вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистону Ветнам арзёбӣ карданд.     

Аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳамкории кишварҳо давоми 27 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд, зеро дар ин муддат ҳамгироии кишварҳо раванди рушди бонизому бемайлонро касб намуд.

Таъкид гардид, ки мо метавонем барои расидан ба ҳадафҳои судманд бар нафъи давлатҳо ва халқҳоямон аз муколамаи сатҳи олӣ, сафарҳои ҷавобии сарони давлатҳо, машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, таъсиси сафоратхонаҳо, фаъолияти гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин дигар имкониятҳо ба таври самаранок истифода барем

Барои мусоидат ба рушду густариши бештари робитаҳо пешниҳод карда шуд, ки санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, алоқа, варзиш, канорагирӣ аз андозбандии дукарата, инчунин илму фарҳанг, ки айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, ҳар чи зудтар ба имзо расанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамгироии ҷонибҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, фарҳанг, туризм ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520