Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

20.04.2019 12:40

Муҳтарам аҳли маорифи шаҳри Душанбе!

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!

Имрӯз ба ифтихори Рӯзи пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як муассисаи нави таълимиро ба кормандони соҳаи маорифи шаҳр, устодону омӯзгорон ва хонандагон табрик гуфта, ба шогирдони ин боргоҳи илму маърифат хониши хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ва ба аҳли маориф дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас барору комёбиҳо орзумандам.

Ҳамчунин, ба соҳибкори саховатманди ватанӣ барои ташаббус ва маблағгузории чунин иншооти зебову муҷаҳҳаз, ки ба насли ояндасозамон туҳфаи арзандаи идона мебошад, миннатдорӣ изҳор менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шаҳри Душанбе низ баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба истиқболи ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон – 30 солагии истиқлолияти давлатӣ нақшаҳои бузурги созанда амалӣ шуда истодаанд, ки ифтитоҳи иншооти имрӯза далели равшани татбиқи нақшаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.

Ба истифода додани муассисаҳои таълимии дорои шароиту имконоти муосири таҳсилот, аз ҷумла таъминоти онҳо бо технологияҳои инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа, ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии толибилмон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва навоварии насли наврас заминаи воқеӣ мегузорад.

Мактаби навбунёди рақами шаш дар муддати чор моҳи охир дар қаламрави шаҳри Душанбе панҷумин муассисаи таълимие мебошад, ки бо фароҳам овардани тамоми шароит барои таҳсил бунёд гардида, аз лиҳози ғунҷоиш ва имкониятҳои таълиму тарбия муассисаҳои таълимии пешқадам ба ҳисоб мераванд.

 Умуман, то охири сол боз    7 мактаби дигар бунёд гардида, дар маҷмӯъ, худи ҳамин сол барои 17 ҳазор нафар хонанда ҷойи нишаст муҳайё карда мешавад.

Бунёд гардидани муассисаи таълимии имрӯза баёнгари он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмин намудани шароити зарурӣ барои таҳсилоти босифат ва дар ин замина, барои пешрафти соҳаи маориф таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дастгирии соҳаи мазкурро аз рукнҳои муҳимми сиёсати иҷтимоӣ меҳисобад.

Бо ин мақсад, ҳоло дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёди 17 муассисаи таълимӣ барои қариб 22 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Илова бар ин, моҳи ноябри соли 2018 ҷиҳати сохтмони боз 6 муассисаи нави таълимӣ барои 14520 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд, ки айни замон корҳои лоиҳакашии онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 14 муассисаи томактабии хусусӣ бунёд шуда истодааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6, ки имрӯз ба истифода додем, моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мутахассисону коргарони маҳаллӣ дар зарфи якуним сол бо сатҳу сифати баланди меъморӣ қомат афрохтааст.

Дар ҷараёни сохтмони он зиёда аз 160 нафар мутахассисону сохтмончиён маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Муассисаи таълимӣ барои 2400 ҷойи нишаст бунёд шуда, аз се бинои чорошёнаи таълимӣ, 51 синфхонаи барҳаво, 38 утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон, инчунин, маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст, толори варзиш, ошхона бо 160 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббиву дандонпизишкӣ ва китобхонаҳои анъанавию электронӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин, дар ин муассиса утоқҳои муҷаҳҳази компютериву лингофонӣ, синфхонаҳо барои таҳсилоти иловагӣ ва ду майдончаи варзиш муҳайё карда шудаанд.

Яъне дар муассиса барои омӯзгорону шогирдон шароити сатҳи баланд бо истифода аз таҷҳизоти замонавии таълимию озмоишгоҳӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин карда шудааст.

Насли наврас ва ҷавононро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё кардааст, пеш аз ҳама, хуб таҳсил кунанд, одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ, қонунияту тартиботро риоя намоянд, яъне намунаи ибрати ҳамсолони худ бошанд ва ҳамчун шахсиятҳои донишманду босавод, худшиносу худогоҳ,  ва ватандӯсту ободгар ба воя расанд.

Шумо – насли хушбахти замони истиқлолият ва фарзандони Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бояд Ватани худро сидқан дӯст доред ва барои дар оянда ба таври   шоиста муаррифӣ кардани он аз имрӯз омода бошед.

Дар ин ҷода, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки нақши худро ҳамчун тарбиятгару ҳидоятгари наврасону ҷавонон  ва бо дарки масъулият дар назди ояндаи давлат ва миллат иҷро намоянд.

Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои наслҳои ояндасоз вазифаи давлату Ҳукумат мебошад.

Мо дар ин самт имкониятҳои соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатмандро низ ҷалб карда истодаем.

Вале истифодаи мақсадноку босамар аз чунин имкониятҳои фароҳамовардашуда аз роҳбарону масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон ва худи хонандагони мактабҳо масъулияти баландро талаб мекунад.

Борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки бо вуҷуди муҳайё будани тамоми шароити зарурӣ ҳанӯз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҳалталаб боқӣ мемонад.

Такроран таъкид месозам, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли соҳибмаърифату донишманд, хушахлоқ ва дорои фазилатҳои беҳтарини инсонӣ вазифаи устодону омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа мебошад.

Итминон дорам, ки аҳли маорифи шаҳр ба кору фаъолияти ҳаррӯзаашон – таълиму тарбияи наслҳои ояндаи миллат ва давлат бо масъулияти баланд муносибат карда, шогирдони худро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ тарбия менамоянд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи пойтахт ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, иқболи нек ва хониши хубу аъло орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520