Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рамзи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ гардид

19.04.2019 18:08

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»- ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Дар ин намуна ҳадафҳои озмун, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар тасвири манзараҳои кӯҳии кишвар, рангҳои парчам, ҳафт ситора, асбобҳо ва рамзҳои мусиқӣ, пари қалам ифода ёфтаанд.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ҳангоми баргузории чорабинӣ аз рамзи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» васеъ истифода намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520