Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

06.06.2012 18:00

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Бародари Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи Ҳукумати Покистон ва шахсан аз номи худам бо камоли мамнуният ва аз таҳти дил Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро бо бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ сидқан табрик мегӯям.

Аз давраи қадим давлатҳои мо муносибатҳои хуби фарҳангӣ доранд. Шоирону нависандагони мо дар ҳарду давлат машҳуранд. Корҳои шоистаи онҳо мардуми ду давлатро боз ҳам ба ҳам наздиктар месозад.

Аз рӯзи барқароршавии муносибтҳои дипломатӣ байни ду давлат аз 6 июни соли 1992 таҳти роҳбарии Шумо муносибатҳои мо дар соҳаҳои гуногун бемайлон тарақӣ карда истодаанд. Maн аз иштироки Шумо дар ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар Душанбе бисёр миннатдор ҳастам. Бонк барои рушди муносибатҳои иқтисодии мо мусоидат хоҳад кард.

Умедворам Шуморо дар охири соли ҷорӣ дар Исломобод дар вохӯрии Чорҷониба пазироӣ бикунам. Сафари Шумо ба Покистон боз такони хуб барои рушди бардавоми муносибатҳои мо хоҳад шуд.

Бисёр шод аз онам, ки муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва амниятии мо рӯз то рӯз рушд ёфта истодаанд. Бартараф шудани мушкилиҳои раводид мардуми ду кишварро ба ҳам наздик месозад ва туризм ҳам рушд хоҳад кард. Дар ояндаи наздик парвозҳои мустақим дар нақша ҳастанд ва тараққиёти роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан низ дар мадди назар мебошанд.

Меҳмондории гарму самимии Шумо, Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он ҳангоми сафари мо ба мамлакати зебои Шумо ҳамеша дар хотири ман хоҳад монд. Ҳангоми ин сафар якчанд масъалаҳои муҳим барои тараққиёти ояндаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шудаанд.

Бародари азиз, барои Шумо ва мардуми Тоҷикистон саломатии бардавом, хӯшнудиву пирӯзи ва муваффақият хоҳонем.

Ман ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо бародари мӯҳтарам ғанимат медонам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520