Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин

06.06.2012 11:00, Чин

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Чайна Глобал ХУАН Ҷзанжун, асосан масоили ҳамкорӣ дар мавзеи Зарнисори шаҳри Қайроққуми Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кори корхонаи металлургӣ ва тавсиаи он то комбинати бисёрбахшаи ин соҳа баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки корҳои сохтмону таҷҳизи он тезонда шуда, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, мактабу бемористон ва дигар иншооти зарурии иҷтимоӣ низ бояд оғоз карда шавад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо Ноиби президенти ширкати Хуавэй Лин Жуйҷи Ҷанжун масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Табодули андеша, аз ҷумла доир ба ташкили шабакаи назорати автоматии кори нақлиёт ва хадамоти хизматрасонии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои интихоби ширкати амаликунандаи ин лоиҳа озмуни ошкоро эълон карда мешавад ва ҳамаи ширкатҳои дохилию хориҷи метавонанд дар он иштирок намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520