Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

05.04.2019 12:02, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонун, ки онҳоро Маҷлиси намояндагон қабул карда, Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, кодексҳои гумрук ва андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида, нишони шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси фонди рушди пойтахтро пешбинӣ намудааст. Инчунин мувофиқи ин иловаҳо мукофоту ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе муқаррар гардидаанд, ки бо онҳо сокинони шаҳр ва дигар шаҳрвандоне, ки дар рушди пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ворид гардидаанд, дар давраи татбиқи мораторий солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ боздошта мешаванд.

Бино ба тағйиру иловаҳои ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз андози арзиши иловашуда ва пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Қонунҳои ба имзорасида ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 таҳия ва қабул гардида, ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва беҳдошти соҳаи сайёҳӣ, ба хусус рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешрафту инкишофи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520