Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао мулоқот намуд.
Дар мулоқот минмасоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони аввали Тоҷикистону Чин Вэн Ҷябао изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвараш барои татбиқи амалии тавофуқоти имрӯза ва қаблии миёни ду кишвар имкону захираҳои заруриро сафарбар менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии пайваста аз рушди босуботи кишвари мо арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Чин, хусусан дар татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми зербиноӣ ба нафъи кулли минтақа хизмат мекунад.