Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбанк)-и Чин Ли Жогу

05.06.2012 12:00, Чин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбанк)-и Чин Ли Жогу мулоқот намуд.

Зимни суҳбати самимӣ, аз ҷумла нақши намоёни бонк дар ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Чин таъкид гардид, зеро аз ҷониби он барои татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва ғайра беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудо шудааст.

Бо ишора ба мувофиқаҳои нави дар сатҳи роҳбарияти олии ду кишвар ҳосилшуда таъкид гардид, ки Эксимбонки Чин минбаъд низ чунин лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя нақши намоёни худро идома медиҳад.

Дар охири мулоқот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин Созишномаи қарзи имтиёзнок оид ба лоиҳаи таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб- Хорӯғ-Кулма ба имзо расид.

Мутобиқи ин созишнома ба мабағи 50, 54 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ҷудо мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520