Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

01.04.2019 10:25, ноҳияи Спитамен

Дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти фарҳангӣ дорои шароити замонавӣ барои фаъолият буда, дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии аҳолӣ навсозӣ шудааст.  

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудаанд. Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот бо назардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик кандакориву наққошӣ карда шудаанд.   

Бинои Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои раққосӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, китобхона, толори хониш ва бозии шашкаву шоҳмот мебошад.

Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд.

Дар ҳамин ҷо ба 50 нафар ятимон чун анъанаи неки Наврӯзи Аҷам туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои баҳорӣ фараҳмандии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд.

Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи нави ҳунарӣ муаррифӣ карда шуд.

Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен 40 номгӯи асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид.   

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ифтитоҳи бинои Қасри фарҳангро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда, ҳунармандонро бо истифода аз имкони мавҷуда барои таҳияву пешниҳоди намоишҳои нав ва қонеъсозии талаботи маънавии мардум даъват намуданд.

Ҳамасола дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои нави фарҳангӣ бунёду навсозӣ ва барои фаъолияти кормандони соҳаи маънавиёт шароити муосир фароҳам оварда мешавад. Дар ин баробар аҳли фарҳангро зарур аст, ки бо истифода аз чунин имкони муҳайёшуда таҳияву пешниҳоди барномаҳои нави ҳунариро бештар намоянд.

Фаввораҳо, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишии шинонидашуда, майдончаи варзишӣ, ҷой барои фароғати кӯдакон ва парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи иншооти фарҳангиро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба як макони зебову диданӣ табдил додааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520