Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Осоишгоҳи “Баҳористон” барои 100 ҷойи хоб

31.03.2019 19:15, шаҳри Гулистон

Нимаи дуюми рӯзи 31 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат барои бунёди бинои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшаванда санги асос гузоштанд.

Иншооти нав, дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон”, дар як мавзеъи хеле хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри Тоҷик” аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Баландии бино 27 метрро ташкил дода, масоҳати умумии сохтмони иншоот 8 ҳазору 444 метри мураббаъ мебошад.

Дар ҳудуди бинои нави осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ барои калонсолон ва кудакон бо майдончаҳои бозӣ ва корти теннис ба нақша гирифта шудааст. Дар қисми дигар барои фароғати истироҳаткунандагон гулгашт бо фаввораҳо ва айвончаҳои зебову мунаққаш бунёд мешавад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои нави Осоишгоҳи “Баҳористон” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва истифодаи меъёрҳои меъморӣ, бо нақшу нигори миллӣ ва санъати волои бунёдкориҳо оро додани бино дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ошёнаҳои аз якум то панҷуми бино толорҳои зиёфат, гуфтушунид, ҳуҷраҳои хизматрасонии корӣ, ошхона, ҳаммом, хонаҳои хоб барои 100 ҷой, ҳуҷраҳо барои қабули меҳмонони олиқадр, машқгоҳ ва ғайра сохта мешавад.

Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

Осоишгоҳ аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520