Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) Ҷян Ҷемин

04.06.2012 17:00, Чин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин омад.

Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation-CNPC) Ҷян Ҷемин мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ доир ба корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту гази Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ширкати миллии нафту гази Чин ҳавасманд мебошад ва барои ин омода аст, тамоми шароити заруриро муҳайё созад».

Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин Ҷян Ҷемин ҳам ба ташкили ҳамкории судбахш изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: «Ширкати миллии нафту гази Чин бо 61 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад ва Тоҷикистон 61-ум хоҳад буд».

Тавре зикр гардид, ин ширкат аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол коркард ва содироти нафту газ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дар охири мулоқот миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520