Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташриф ба кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин

03.06.2012 17:00, Чин

Аз шаҳри Шанхан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф овард.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтаринро ишғол менамояд.

Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти навтарин истеҳсоли тиллоро хеле афзун намуд.

Соли 2011 корхонаи Зарафшон 1320 кг тилло истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2010 9% зиёд мебошад. Давоми соли 2011 ин корхона ба буҷети давлатии кишвар 18 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст.

Тавре зикр гардид, солҳои наздик истеҳсоли солонаи тилло дар корхонаи Зарафшон бояд ба 5 тонна расонда шавад.

Зимни боздид аз корхонаи миси ин ширкат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, он бо истифода аз навтарин технологияи олмонӣ ҳар сол беш аз 20 ҳазор тонна мисс истеҳсол намуда, 40% онро ба хориҷа, асосан ба Аврупою Амрико, содир мекунад. Зимни суҳбат ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки чунин як корхона бо насби ҳамин гуна таҷҳизоти пешқадам дар вилояти Суғди Тоҷикистон бунёд намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520