Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафар ба шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин

03.06.2012 11:00, Чин

Субҳи имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии ширкати Зи Ҷин дар конҳои тиллою мис ба шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овард.

Дар майдони Мардумии Шанхан зимни як маросими тантанавӣ мири он Се Хайбо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон намуда, ба ӯ «Калиди тиллоӣ»-и он ва дипломи шаҳрвандии фахриро тақдим намуд. Мири шаҳри Шанхан нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳким ва густариши робитаҳои судманди Тоҷикистону Чин намоён арзёбӣ карда, «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон шудани ӯро боиси ифтихору сарфарозии худ ва сокинони ин маҳал номид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии баланд ба роҳбарият ва сокинони шаҳри Шанхан арзи сипос карда, изҳор дошт: «эҳсоси ҳусни ҳамҷавориву дӯстии байни халқҳои мо аз қаъри таърих – замони Роҳи Бузурги Абрешим маншаъ мегирад, аз ин рӯ решаҳои дӯстии мо пурқувватанд».

«Дар асри бисту як мо якҷоя бо Чин масоили рушди муштаракро ҳаллу фасл мекунем, дӯстии деринаро таҳким мебахшем ва ҳамкориҳоро тавсеа медиҳем», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520