Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев

20.03.2019 21:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев барқияи табрикӣ фиристоданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Касим-Жомарт Кемелевич,

Шуморо ба муносибати ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ намуданатон самимона муборакбод мегӯям.

Ба Шумо тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва дар ин мансаби баланди давлатӣ фаъолияти пурсамар таманно дорам.

Дар Тоҷикистон Шуморо мешиносанд ва ҳамчун ходими ботаҷрибаи давлатӣ ва тарафдори рушди муттасили муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории серҷабҳа миёни мардумони мо эҳтиром менамоянд.

Муътақидам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак минбаъд низ тамоми мачмӯи муносибатҳои байнидавлатии шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба манфиати мардумони дӯсти мо равона шудаанд, самаранок густариш медиҳем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520