Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар барномаи фарҳангии “Корвони Наврӯзӣ”-и шаҳри Норак

20.03.2019 13:09, шаҳри Норак

Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуданд.

Президенти мамлакат, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони шаҳри Норак ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ ва вусъати корҳои ободонӣ табрику таҳният гуфта, ба сокинони шаҳри Норак барои ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи  Ҳукумати кишвар ва идомаи корҳои созандагӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд. 

Маросими тантанавии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро барномаи бошукӯҳи театрикунонидашудаи “Корвони наврӯзӣ” идома дод.

Тибқи иттилои дастандаркорони ин чорабинии муҳташами фарҳангӣ, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷалб гардидаанд. Дар барномаи зикршудаи фарҳангӣ-оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.

Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳалли баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд.

Барномаи фарҳангии “Корвони Наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай оғоз гардид.

Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки таҳиягарон бо дарназардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро мушоҳида мешуд, ки ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодӣ буд.

Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд. Ин чорабинӣ бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро гиромӣ медоранд ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузургӣ фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Рақсу бозӣ, иҷрои сурудҳои халқӣ, намоиши омода кардани таомҳои миллии хоси наврӯз ва ғайра аз бахшҳои асосии ин намоиш буданд, ки ба ҳозирин хеле писанд омаданд.

Корвони Наврӯзӣ, ки дар кишвари мо бо талошу тадбирҳои созандаи Пешвои миллат пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид, дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгони моро таҷассум намудаву ҳамон ойинҳои қадимаро ба сурати нав, хосса бо мутобиқ гардонидан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардонидааст.

Дар охир Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили ин чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520