Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ба истифода супоридани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак

20.03.2019 11:15, шаҳри Норак

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Норак 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд. 

Иншооти мазкур дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар зарфи камтар аз як сол сохтмони он ба анҷом расонида шуд. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 20 метрро ташкил дода, аз масолеҳи хушсифат ва тобовар бунёд ёфтааст. Худи Нишон наздик ба 2 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш  22 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Нишони давлатӣ аз се қисмат иборат буда, ҳамагии он бо санги мармар, ки аз табиати бойи Тоҷикистон дастрасу коркард гардидааст, зебу зиннат ва оро дода шудааст. Ҳамзамон иншоот бо гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ сабзу хуррам гардонида шуда, ба як мавзеъи дилрабову зебои шаҳри Норак мубаддал гардидааст. Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин роҳҳои мошингарди атрофи иншоот мумфарш ва ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд.

Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ иншоотро 76 адад чароғакҳои поядор ва сутунпояву Нишонро 10 чароғаки пуриқтидор равшанӣ хоҳанд дод. Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфта, пурра бо тавораҳои панҷарадори алюминӣ зебу оро дода шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он ба масъулин дастуру супориш доданд.   

Дар ин иншоот наздик ба 40 адад нишастгоҳ насб гардида, то 200 дарахти сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст. Ҳудуди ҳарду майдон пурра майсазор гардида, ҳамчунин дар дохили иншоот як қаҳвахона бунёд гардид.

Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он бахусус шомгоҳҳон зебову нотакрор буда, бо системаи муосири равшанидиҳӣ таъмин карда шудааст.

Дар шафати Нишони давлатӣ ду майдони сайру саёҳат низ барои сокинон сохта шуд. Мавзеи навбунёд мутобиқ ба талаботи замон буда, бешубҳа ба макони сайру саёҳат ва истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Норак табдил хоҳад ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520