Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Норак

20.03.2019 09:41, шаҳри Норак

Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ, ки начандон дуртар аз Неругоҳи барқи обии “Норак” дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшиданд.

Аснои муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи мазкур дар масоҳати 0,46 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Бинои меҳмонхона аз 4 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он бунёди толори варзишӣ, ду ошхона, ҳаммом, буғхона, ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ошёнаи якум ҷойи таомхурӣ, толори баргузории конфронс, утоқҳои корӣ ва як ошхонаи дигар низ сохта мешаванд.

Тибқи лоиҳа, бунёди ҳуҷраҳои хоб, толори фароғатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои меҳмонони олиқадр ва толори хурди варзишӣ дар ошёнаҳои сеюму чорум пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди ин меҳмонхонаи замонавӣ биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ низ сохта мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520