Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Эмомалӣ Раҳмон

29.05.2012 19:00

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Чумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад. Дар робита бо ин воқеаи фархунда Шуморо муборакбод намуда ва орзуҳои самимонаю беҳтаринро ба халқи дӯсту бародари Тоҷикистон иброз медорам.

Озарбойҷон муносибатҳои мустаҳками дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тайи солҳои гузашта арзи вуҷуд доштанд, ба дараҷаи баланд қадр мекунад. Мехоҳам бо камоли қаноатмандӣ зикр намоям, ки тайи бист соли гузашта ба мо муяссар гардид, ки муносибатҳои анъанавии дӯстию бародарии миёни кишварҳоямонро ҳамаҷониба ривоҷ диҳем.

Мо азм дорем, ки робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва робитаҳои дигарро минбаъд ҳам дар заминаи принсипи фоидаи мутақобила густариш диҳем. Итминони комил дорам, ки дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштарак ҳамкории байни кишварҳоямон минбаъд ҳам ба нафъи халқҳоямон ривоҷ ёфта ва мустаҳкам мегарданд.

Мӯҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо тансиҳатии бардавом, ба халқи Шумо беҳбудӣ, рушди собитқадамона ва пешрафти кишваратонро таманно дорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520