Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ

29.05.2012 20:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Волоҳазрат, Амири билод,

Аз хабари рух додани сӯхтор дар маркази тиҷоратии ад-Давҳа, ки ба ҳалокати 19 нафар оварда расонидааст, огоҳ гашта, ниҳоят андӯҳгин шудам. Махсусан ҳалокати 13 нафар атфол моро сахт ғамгин сохт.

Таманно дорам, ки боқимондаи осебдидагони ин фоҷиа ҳар чи зудтар шифои комил ёбанд.

Ҳоҳишмандам тасаллият ва ҳамдардии моро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед. Худо ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520