Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.04.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ
ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Паёме, ки ҳоло доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури шумо мегардад, давоми мантиқии паёмҳои солҳои пешини Президент ба мақоми олии қонунбарори мамлакат мебошад.

Зеро мо ҳанӯз дар роҳи татбиқи вазифаву ҳадафҳои стратегие қарор дорем, ки солҳои гузашта барои худ муайян кардаем.

Аксари ин ҳадафу вазифаҳо барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ пешбинӣ шудаанд ва мо ҳар сол ҷараёни иҷрои онҳоро баррасӣ карда, мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, инчунин бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир як қисми онҳоро такмил медиҳем ва мақсадҳои навро муайян ва мушаххас месозем.

Дар ин раванд суръатбахшии ислоҳоти иқтисодиро, ки ба рушди тамоми соҳаҳои истеҳсоливу иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст, вазифаи муҳимтарини худ медонем.

Ҷиҳати ноил гардидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 қабул гардид ва мақсад аз онҳо то дуюним баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат дар навбати аввал ба  таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона шудааст.

Доир ба корҳои анҷомдодаамон пеш аз ҳама бояд гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи амалӣ гардонидани тадбирҳои барномаҳои қабулшудаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон пешрафти бонизом ва устувори иқтисоди миллӣ вусъат ёфта истодааст: дар ҳафт соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 81 фоиз афзуда, танҳо соли гузашта ҳаҷми он нисбат ба соли 2006-ум 7,8 фоиз зиёд гардид.

Татбиқи чорабиниҳои дар самти сиёсати молия ва андоз пешбинишуда ба афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат намуд: ҳаҷми умумии он соли гузашта 19 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил кард.

Тамоюли камшавии қарзи беруна дар соли 2007-ум идома ёфт: агар соли 2000-ум ҳаҷми умумии он 108 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро  ташкил карда бошад, пас дар аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 30 фоиз баробар гардид.

Вале дар ин роҳ баъзе монеаву омилҳо, аз ҷумла омилҳои берунӣ -  дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир болоравии нархи маҳсулоти нафту газ, маводи ғизоӣ ва ҳодисаҳои экологию техногенӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъсири манфӣ расонида, моро водор месозанд, ки дар хусуси ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии худ - таъмин кардани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва таъмини амнияти озуқавории кишварамон тадбирҳои иловагии фаврӣ андешем.

Ҳамчунин бӯҳрони энергетикӣ, ки бинобар сардии шадиду тӯлонии зимистони гузашта ба миён омад ва таърихи мамлакат чунин ҳодисаро ёд надорад, инчунин беборишӣ ва паҳн шудани ҳашароти зараррасон, ки нишонаи гармиву хушксолӣ мебошад, ба вазъи зиндагии мардуми мо таъсири манфӣ расонид.

Болоравии бесобиқаи нархҳо бори дигар нишон дод, ки бозори истеъмолии мо ҳанӯз аз воридоти молҳои асосӣ ва суботи нархҳо аз арзиши сӯзишвориву маҳсулоти ғаллаи воридотӣ вобастагии зиёд дорад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ танҳо дар соли 2007-ум ба кишварамон ба маблағи 8,3 миллиард сомонӣ, яъне нисбат ба соли 2006-ум 26 фоиз зиёд молу маҳсулот ворид шудааст.

Маҳз бо дарназардошти чунин вазъ ва бо мақсади таъкиди зарурати ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ман ибтидои соли ҷорӣ ба мардуми кишварамон доир ба истифодаи оқилонаву самараноки ҳамаи захираву имкониятҳо муроҷиат намудам.

Ҳамчунин вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, бонкҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолиро бо қарзҳои хурд, тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ, техника ва дигар лавозимоти зарурӣ сари вақт таъмин намоянд.
Воқеан яке аз роҳҳои асосии ҳифзи бозори истеъмолии кишвар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ кардани афзоиши нархҳои маводи ғизоӣ истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, алалхусус аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду ҳосил ва бо ҳамин роҳ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ мебошад.

Дар баъзе кишварҳои пешрафта дар  як сол рӯёнидани се ҳосили шолиро ба роҳ мондаанд. Агар тамошо карда бошед, дирӯз ҳамин гуна ахбор аз шабакаи Евронюс пахш гардид.  Мо бошем бештар аз 50 ҳазор гектар заминҳои обиро кишт накардем.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки татбиқи саривақтии Муроҷиатномаи Президент ба мардуми кишвар ва тадбирҳои дар барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавӣ зикршударо ҳамчун самти асосии фаъолияти худ қарор дода, барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат чораҳои қатъӣ андешанд.

Сардии шадиди зимистон ва камобии имсола ба иқтисоди кишварамон беш аз 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ зарар расонид ва табиист, ки ин барои дар сатҳи пешбинишуда иҷро гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мушкилоти муайян эҷод мекунад.

Аз ин рӯ, Ҳукумат ва роҳбарони тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки бо мақсади дар сатҳи солҳои охир нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди истеҳсолӣ ва беҳдошти минбаъдаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани қобилияти вокуниши иқтисоди миллӣ ба тағйироти нархҳои ҷаҳонӣ ва паст кардани сатҳи вобастагии он аз таъсири манфии омилҳои берунӣ тадбирҳои мушаххас андешида, иҷрои онҳоро дар амал таъмин созанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бояд якҷоя бо дигар вазорату идораҳо дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварро дар шароит ва вазъи бамиёномада аз нав баррасӣ ва арзёбӣ намояд.

Ба хотири устувор нигоҳ доштани вазъи бозори истеъмолии кишвар ва пешгириву бартараф намудани падидаҳои номатлуб ҳангоми савдои молу маҳсулоти истеъмолӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳо доир ба танзими савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намояд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоя, аз ҷумла сармоягузории мустақим ба соҳаҳои воқеии иқтисод имкон медиҳад, ки рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоии мамлакат идома ёфта, бо ҳамин роҳ сатҳи камбизоатии аҳолӣ тадриҷан паст карда шавад.

Инкишофи соҳаҳои мазкур инчунин ба беҳтар гардидани шуғли аҳолӣ дар дохили кишвар, таҳким ёфтани диверсификатсияи содирот, беҳбудии сифат ва таъмини дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ мусоидат карда метавонад.

Барои пешбурди самарабахши сиёсати андозу буҷет ва афзун гардонидани даромади буҷети давлатӣ ба Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва сохторҳои маҳаллии онҳо зарур аст, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин масъалаи самаранокии андозҳоро аз нав баррасӣ карда, дар бораи сари вақт ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳои андоз ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, пурзӯр кардани мубориза бо иқтисоди пинҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва беҳтар намудани вазъи андозбандӣ чораҳои мушаххас ва муассир андешида, онҳоро дар амал татбиқ намоянд.

Илова бар ин, ҳангоми таҳияи нишондиҳандаҳои даромади буҷети давлатӣ бақияпулиҳои андоз ва пардохтҳои иҷтимоиро ба нақша гирифтан зарур аст.
Бо татбиқи тадбирҳои зикршуда дар соли 2008-ум даромади воқеии буҷети давлатӣ бояд ба 21 фоиз ва то соли 2011-ум ба 24 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад. Инчунин касри буҷет мӯътадил нигоҳ дошта шуда, он бояд аз ним фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд набошад.

Дар шароити болоравии нархи сӯзишворӣ, маводи ғизоӣ ва тавозуни манфии савдои берунӣ фаъолияти мақомоти бонкӣ ва молиявӣ бояд ба хотири мӯътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум таҳким бахшида шавад.

Вобаста ба ин, Ҳукумат ва Бонки миллӣ вазифадоранд, ки иҷрои нақшаҳоро оид ба боздошти сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ таъмин намоянд.
Масъалаҳои марбут ба қурб ва мубодилаи асъор, муқаррар намудани фоизпулиҳо, сиёсати қарздиҳӣ, инчунин вазъи таъмини бозори кишвар бо озуқа аз ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод вобаста аст.
Дар моҳҳои охир болоравии бесобиқа ва сунъии нархи нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ, ҳамчунин боқӣ мондан ва тақвият ёфтани тамоюли ташвишовари афзоиши нархи маводи озуқа, аз ҷумла ғалла ва орд ба иқтисоди бисёр кишварҳои воқеъ дар минтақаҳои музофотии бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зарари бузург расонид.
  Ҳарчи бештар возеҳ мешавад, ки раванди начандон бонизоми ҷаҳонишавӣ метавонад боиси бештар  қувват гирифтани таназзули иқтисодии баъзе кишварҳо гардад.
Мамлакатҳои дар ҳоли гузариш қарордошта, ки ба шароити бозори озоди иқтисодӣ ва рақобати шадид суст омода ҳастанд, дар ин вазъият аз ҳама бештар осеб мебинанд.
  Бовар дорем, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, институтҳои молиявии байналхалқӣ ва кишварҳои аз лиҳози саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон ин хатари трансмиллиро нодида нахоҳанд гирифт ва барои бунёди низоми одилонаи муносибатҳои иқтисодӣ  дар миқёси глобалӣ  саъй хоҳанд кард.
Чунин низом, ба назари мо, таъмини амният ва рушду нумӯъро натанҳо барои кишварҳои алоҳида, балки барои ҳамаи давлатҳо бояд фароҳам оварад.
Зарурати беш аз пеши ташкили ин гуна низом аз он бармеояд, ки мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор ҳоло зиёда аз 33 кишвар ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дучор шуда, ба онҳо қариб 1 триллион доллари амрикоӣ хисороти молӣ расидааст.
Пешбурди пурсамари сиёсати пулию қарзӣ ва рушди босуботи низоми бонкӣ аз раванди ислоҳоти сохторӣ, аз ҷумла такмили сохтори Бонки миллӣ вобаста аст.
Бинобар ин, ислоҳоти зикршуда бояд дар асоси таҷрибаи пешрафта то охири соли ҷорӣ анҷом дода шавад.
Ҳамчунин торафт афзун гардонидани сармояи бонкҳо, кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ дар мамлакат, таҳкими нақши бонкҳои кишвар дар пешниҳоди қарзҳо, ҳалли масъалаҳои вобаста ба қарзи хоҷагиҳои пахтакор ва ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаи пахтакорӣ, таъмини шаффофияти амалиёти бонкӣ бояд минбаъд низ самтҳои асосии сиёсати пуливу қарзии давлатамон бошанд.
Мусоидати ҳамаҷониба барои анҷом додани лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикӣ,  ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои нав ва бунёд намудани  ҷойҳои нави  корӣ ҳамчун масъалаҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷии давлат мебошанд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои зикргардида ва суръатбахшӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Фонди  байналмилалии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо ва Бонки исломии рушд идома хоҳем дод.
Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта собит месозад, ки нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷалби сармоя бағоят калон аст. Соли ҷорӣ дар қаламрави кишвари мо низ ду минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда мешавад, ки дар оянда онҳо бояд ба рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва тиҷорат такони ҷиддӣ бахшанд. Ҳоло корҳои омодагӣ барои ташкили ин минтақаҳо идома доранд.
Солҳои охир ба соҳаҳои иқтисодиёти мо воридшавии сармоя, аз ҷумла сармоягузории мустақим афзоиш ёфта, он соли 2007-ум беш аз 3 миллиард сомониро ташкил намуд, ки аз ин якуним миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим мебошад. Вале ин ҳанӯз кифоя нест.
Аз ин рӯ, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин дигар мақомоти дахлдор зарур аст, ки лоиҳаҳои инвеститсионии навро таҳия карда, ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ пешниҳод созанд.
Дар баробари ин, Ҳукумат бояд ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои бештар ба хотири ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ чораҳои амалӣ андешад.
Имрӯз ба мо зарур аст, ки раванди таҷдиди сохтори корхонаҳои саноатӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнокро тезонида, қисми саҳмияҳои корхонаҳои саноатиро бо мақсади ҷалби инвеститсияҳо равона кунем ва ба ҳамин васила барои густариш пайдо кардани истеҳсолоти қобили рақобат шароити зарурӣ фароҳам оварем.
Дар робита ба ин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки дар доираи Стратегияи рушди бозори коғазҳои қиматнок ташкил кардани бозори чунин коғазҳо, таҳияи санадҳои қонунгузории ташаккули воситаҳои нави молиявии бозори фондҳо, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои сармоягузоронро таъмин намоянд.

Ҳозирини мӯҳтарам!
Бӯҳрони энергетикии зимистони гузашта моро водор месозад, ки вобаста ба таҳким бахшидани имкониятҳои энергетикии кишвар дар бобати ҳарчи зудтар таъмиру таҷдид кардан ва барқарор намудани иқтидори нерӯгоҳҳои мавҷуда, ба роҳ мондани коркарди аввалияи захираҳои ангишт ва аз байн бурдани талафоти беасоси барқу газ чораҳои муассир андешем.
Соли ҷорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои сохтмони иншоотҳои энергетикӣ зиёда аз 850 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Дар айни ҳол дар кишварамон 95 нерӯгоҳи хурд сохта, ба истифода дода шуда, бунёди 21 иншооти дигар идома дорад ва тибқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони боз 20 нерӯгоҳи хурд ба нақша гирифта шудааст.

То охири соли ҷорӣ се агрегати боқимондаи нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба кор андохта шуда, ба сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 вусъати тоза бахшида мешавад.
Мо барои ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” бо Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо корхонаҳои саноатии ҳамсояи худ  Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дарёфт намудани агрегатҳо гуфтушунидҳо дорем ва агар кор ҳамин тавр идома ёбад, мо метавонем то охири соли 2009 агрегати  аввалини нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-ро низ ба истифода диҳем.
Ҳоло дар асоси лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки маблағи умумии онҳо якуним миллиард сомониро ташкил медиҳад, бунёди хатҳои интиқоли барқи 500 - киловаттаи “Ҷануб - Шимол”, 220-киловаттаи “Лолазор -Хатлон”, барқарорсозии соҳаи энергетикаи кишвар ва кам кардани талафоти нерӯи барқ идома дорад.
Худи ҳамин сол, аввалин лоиҳаи бузурги инвеститсионӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи июн бо сарфи маблағи 58 миллион доллари амрикоӣ пеш аз мӯҳлат ба истифода дода мешавад, ки хатти 220 - киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор – Хатлон аст. Ин лоиҳа вилояти Хатлонро пурра ва як қисмати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро  бо барқ таъмин менамояд.
Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва сармоягузории мустақим дар се соли оянда барои таъмиру таҷдид ва бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ҷалб намудани зиёда аз чоруним миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Мо дар зарфи 17 соли истиқлолият бори аввал имкон пайдо кардем, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва корхонаҳои ватанӣ, дар ҳаҷми умумии 136 миллион сомонӣ бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро вусъат бахшем.
Соли оянда ҳаҷми маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ду маротиба зиёд карда, ба 272 миллион сомонӣ расонида хоҳад шуд. Бо мақсади ҷалби сармоя барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиати Ҳукуматро доир ба ташкили консорсиуми байналмилалӣ дастгирӣ намуд ва корҳо дар ин самт оғоз ёфтаанд.
Мехоҳам хотиррасон созам, ки бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун нав оғоз нашудааст, балки он аз даврони шӯравӣ идома ёфта, дар ин иншоот тақрибан 40 фоизи корҳои асосии сохтмон ва харидории таҷҳизот ба маблағи умумии беш аз як миллиард доллари амрикоӣ анҷом дода шудаанд.
Дар ин иншоот бо маблағи беш аз  800 миллион доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Қурби доллар ва қобилияти харидориаш он вақт, яъне 20 сол пеш хеле баланд буд.  Ғайр аз ин  ба маблағи 150 миллион доллари амрикоӣ техникаю таҷҳизот ворид шуда буд, ки ба он 2 агрегати нерӯгоҳ ҳам шомил мебошад. Ҳамаи ин ҳоло  дар майдони сохтмонӣ қарор дорад. Бар замми ин аллакай соли  сеюм аст, ки мо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои идома додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”  маблағ ҷудо карда истодаем.
Ҷиҳати ба охир расонидани сохтмони ин иншооти бузурги тақдирсоз Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” таъсис дода шуда, оиннома ва сохтори идоракунии он тасдиқ гардид ва ҷамъияти мазкур ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар робита ба ин, Ҳукумат вазифадор карда мешавад, ки бо истифода ва ҷалби тамоми захираву имкониятҳо барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун тадбирҳои мушаххас ва амалӣ андешад.
Барои ба истифода додани 2 агрегат, яъне навбати аввали нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”,  бо ҳисоби  мутахассисону коршиносони байналмилалӣ тахминан аз 500 то 600 миллион доллари амрикоӣ лозим аст. Мо ният дорем, ки аз соли оянда аз ҳисоби  буҷети давлатӣ барои бунёди ин нерӯгоҳ қариб 100  миллион доллари амрикоӣ равона созем.  Агар мо хуб кӯшиш кунем, дар зарфи 3 - 4 сол бо истифода аз технологияи пешрафта метавонем навбати аввали нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба истифода диҳем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳар як шахси бонангу номус, ҳамаи мардуми шарифу ватандӯсти кишвар ва хусусан сохтмончиёну мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои энергетика ва сохтмон муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки ба хотири ҳарчи зудтар сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун фаъолона иштирок намоянд ва дар таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишвар саҳмгузор бошанд.   
Дар масъалаи барқарорсозии иқтидори нерӯгоҳҳои мавҷуда мехоҳам зикр намоям, ки бо сабаби дар муддати чандин даҳсола фаъолият кардани онҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Норак аз соли 1972 ва Қайроққум аз соли 1956 таҷҳизоту дастгоҳҳои технологӣ дар ин иншоот хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд.
Бар замми ин, қаъри обанбори онҳо бинобар таҳшиншавии гил торафт баланд гардида, ғунҷоиши об дар онҳо маҳдуд шуда истодааст.
Барои он, ки  ба мардум фаҳмотар шавад, ба таври содда баён мекунам: барои чӣ мо барқ кам истеҳсол мекунем? Яке аз сабабҳояш ин аст. Як соли охир нисбат ба се соли гузашта нерӯгоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 300 миллион кВт\соат кам нерӯи барқ истеҳол карданд. Дар зери обанбори Норак аллакай беш аз  500 миллион метри мукааб гили  такшиншуда хобида, ғунҷоиши онро кам кардааст. Дар Қайроққум бошад, беш аз 1 миллиард метри мукаабро такшини гил фаро гирифтааст  ба ботлоқзор табдил ёфта истодааст.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин Ширкати “Барқи Тоҷик” зарур аст, ки доир ба таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳо бо ҷалби сармояи имтиёзноки хориҷӣ ва хусусан маблағҳои бебозгашт чораҳои мушаххас андешанд. Ба ширкатҳои «Алюминийи Тоҷик», «Барқи Тоҷик» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки бо мақсади беҳтар кардани вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқу гармӣ то моҳи октябри соли равон иқтидори истеҳсолии марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба 180 мегаватт ва ноҳияи Ёвонро ба 120 мегаватт расонанд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва саноат вазифадор карда мешавад, ки якҷоя бо Ширкати «Барқи Помир» ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии «Санобод»-ро дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон бо иқтидори истеҳсолии то 80 мегаватт таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд. Ғайр аз ин, бо

мақсади беҳбудии таъминоти ноҳияҳои кӯҳистон бо нерӯи барқ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро барои солҳои 2007-2020  мавриди баррасӣ қарор дода, онро дар таҳрири нав пешниҳод созад.
Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон бо нерӯи барқу гармӣ бояд Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо дигар вазорату идораҳои кишвар оид ба истифодаи васеи манбаъҳои истеҳсоли энергия, аз қабили офтоб, шамол, дарёҳои хурд, инчунин корҳои ҷустуҷӯии захираҳои ангишт ва нафту газ хулосаҳои мушаххас таҳия намоянд.
Илова бар ин, дақиқан таҳқиқ намудани захираҳои дар қаламрави кишвар мавҷудаи уран ва омода сохтани пешниҳодоти мушаххас дар мавриди истифодаи онҳо аҳамияти бузург дорад.
Дар баробари ин, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои молия, энергетика ва саноат, ширкатҳои “Барқи Тоҷик” ва «Алюминийи Тоҷик» супориш дода мешавад, ки барои омода сохтани асосномаи техникиву иқтисодӣ ва таҳияи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Шӯроб” дар дарёи Вахш бо иқтидори беш аз 1000 мегаватт аз соли 2009 сар карда, ҷудо намудани маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.
Инчунин  вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва адлия, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки тартиби иштироки молиявии шаҳрвандон ва ташкилоту корхонаҳои ватаниро, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург бо дарназардошти масъалаҳои  ҳавасмандгардонии онҳо баррасӣ карда, доир ба роҳҳои амалӣ намудани он ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои мушаххас манзур намоянд.
Дар айни ҳол ба мо зарур аст, ки ба проблемаи пешгирӣ кардани сарфу хароҷоти беҳуда ва талафоти нерӯи барқ, гармӣ, гази табиӣ ва об низ таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир кунем.
Мо бо мақсади танзими расму анъана ва ҷашну маросимҳо қонун қабул кардем. Зарур аст, ки татбиқи қонуни зикршуда минбаъд низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки сарфаю сариштакорӣ ва парҳез аз сарфу хароҷоти беҳудаву намоишкорона дар ҳамаи самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар истифодаи барқу гармӣ ва обу газ бояд ба одати ҳаррӯза ва ҷузъи маданияти оиладории мардуми фарҳангии мо табдил ёбад.
Дар робита ба масъалаи мазкур ба вазоратҳои энергетика ва саноат, мелиоратсия ва захираҳои об, Ширкати “Барқи Тоҷик”, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз”,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва аҳли ҷомеа зарур аст, ки дар хусуси истифодаи сарфакоронаву оқилонаи сарватҳои зикршуда ва воридоту мавриди баҳрабардорӣ қарор додани технологияи каммасрафи барқӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Аллакай дар давлатҳои мутараққӣ чунин стратегия ва технология омода гашта, мавриди амал қарор мегирад.
Мо мегӯем, ки барқ намерасад, дуруст аст, зеро дар мамлакат  истифодаи он дар  як шабонарӯз нисбат ба соли гузашта қариб   6 миллион кВт\соат зиёд шудааст, хусусан дар фасли зимистон. Танҳо талаботи шаҳри Душанбе дар як сол қариб 3 миллион кВт\соат зиёд шуд.
Яке аз роҳҳои  нигаҳ доштани болоравии  нархи маводи озуқаворӣ ин иҷрои бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” мебошад. Агар мо ин қонунро қабул намекардем, чӣ мешуд? Ман ба шумо ва кулли мардуми Тоҷикистон муроҷиат мекунам, хусусан барои сарфаи нон. Дар тарабхона ва чойхонаву ошхонаҳои бисёр  давлатҳои хориҷӣ умуман нон пешниҳод намекунанд. Агар дархост кунӣ меоранд, вале хеле кам. Дар мо чӣ?  Махсусан дар маҳаллаи  33-юми  пойтахт аз ҳисоби  қаҳвахонаву ошхона ва тарабхонаҳои мо садҳо тонна нони қоқшудаи боқимондаро ба чорво медиҳанд барои  парвариш кардан.  Магар ин исрофкорӣ нест? Ин ношукрӣ нест?
Ба замона нигоҳ карда, қадам гузоштан лозим аст. Ҳар як оила бояд фикри таъмини аъзои худро дошта бошад.
Риояи қонун ба мову шумо  ҳам вобастагии калон дорад. Мувофиқи  муълумоте, ки дар дасти ман ҳаст, дар аксари  вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қонуншиканӣ аз тарафи  мансабдорон ва наздикони онҳо содир мешавад. Мо ба наздикӣ қонунро аз нав  дида мебароем. Баъзе тағйиру иловаҳои қатъиву ҷиддӣ ҳам ворид мекунем.
Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам назар кунем, имрӯз беш аз 100 миллион аҳолии дунё на ин, ки камбизоат аст, балки  ба онҳо гуруснагӣ таҳдид мекунад. Тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ дар фикри онанд, ки чӣ гуна онҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин намоянд.
Вобаста ба мавзӯи истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат мехоҳам таъкид намоям, ки сохтани обанборҳо дар кишварҳои болооб фақат ба манфиати ин кишварҳо нест. Обанборҳо захираҳои обро кам намекунанд, баръакс онро нигоҳ медоранд.
Имрӯз ҳама медонанд, ки 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистон аз кӯҳҳо иборат аст ва кишвари мо дар маҷмӯъ 7–8 фоизи захираҳои оби худро истифода мебараду халос.
Агар боз оддитар карда, ба  мардум фаҳмонем, аз 100 фоизи ҳаҷми  обе, ки аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегирад, мо 7 – 8 фоизашро  истифода мебарему халос. Ба болои ин дар зарфи 17 – 18 соли охир мо заминҳои кишти  пахтаро аз 70 то 80 ҳазор гектар кам кардем. Ин зироати  техникие аст, ки ҳароҷоти зиёди обро талаб мекунад.
Аз ин нуқтаи назар, мо обанборҳоро чи дар ҳавзаи дарёҳои Вахшу Панҷ ва чи дар ҳавзаи дарёи Зарафшон на ба хотири манфиати ирригатсионии худамон, балки пеш аз ҳама барои истеҳсоли нерӯи барқ ва дар айни замон ба нафъи кишварҳои поёноб бунёд менамоем.
Тоҷикистон захираи  зиёди нафту газ надорад, барои рушду тараққиёт ва пешрафт аз чӣ истифода барем? Мо мебинем, ки кишварҳои дорои захираҳои зиёди нафту газ чӣ қадар пешрафту тараққиёт мекунанд.
Замони шӯравӣ ҳангоми таҳияи нақшаи обёрии заминҳои пахта, ки дар минтақа зироати ягонаи стратегӣ ба ҳисоб мерафт, барои бо об таъмин кардани кишварҳои поёноб бунёди обанборҳо дар кишварҳои болооб пешбинӣ карда мешуд.
Ба хотири ин, ки масъала бештар равшан шавад, ман аз чанд рақам ёдовар мешавам: баъди анҷом ёфтани сохтмони обанборҳои Қайроққум ва Норак дар кишварҳои поёноб зиёда аз як миллион гектар заминҳои нав обёрӣ ва дар минтақа ҳолати мелиоративии ду миллион гектар замин беҳтар карда шуд.
Ҳатто баъди ба истифода додани  нерӯгоҳи барқи обии  Норак бо бунёди туннел бояд зиёда аз 100 ҳазор гектар заминҳои водии Данғара обёрӣ мешуд. Вале дар зарфи  30 сол ҳамагӣ 8 ҳазор гектар замин обёрӣ шуду бас.
Ман бори дигар таъкид мекунам, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ вазъият ташаббускори татбиқи лоиҳаҳои обию энергетикӣ бар зарари ҳамсояҳои худ нест ва аз онҳо пуштибонӣ нахоҳад кард.
Мо, алҳамдулиллоҳ, мусулмон ҳастем ва хуб медонем, ки мувофиқи фармудаи Худованди мутаол дар оятҳои 67, 69 ва ҳафтоди сураи «Воқеа» ба ҷо овардани шукронаи неъматҳои офаридаи аллоҳ таъоло ба ташнагон об додан савоби бузург аст.
Аз ин лиҳоз,  ман соли гузашта аз ҳамин минбар  пешинҳод карда будам ва бори дигар хотиррасон менамоям, ки  мо омодаем лоиҳаи бо оби нӯшокии мусаффои кӯли Сарез таъмин намудани кулли кишварҳои  Осиёи Марказиро амалӣ созем, ки то абад  барои  мардуми минтақа басанда аст. Ҳоло 2 лоиҳа омода шуда истодааст. Баъзе институтҳои молиявӣ пешниҳод доранд, ки барои  безарар гардонидани кули Сарез, ки ҳаҷми умумии обаш 17 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад, бо иқтидори 360 мегаватт як нерӯгоҳи барқӣ бунёд карда шавад. Лоиҳаи дуюмашро мо пешниҳод кардем, ки ҳадаф аз он таъмин кардани мардуми минтақаи  Осиёи Марказӣ бо оби нӯшокӣ аст.
Дар асри 21 - баъди 15 – 20 соли дигар дар  минтақаи  Осиёи Марказӣ ва дунё проблемаи оби нӯшокӣ ба сатҳи  аввал мебарояд ва ҳозир ҳам ин мушкилот ҳаст. Аз кӯли Сарез то сарҳади двлати ҳамсояи мо Ҷумҳурии Узбекистон  масофа ҳамагӣ 600 километр аст.
Гузашта аз ин, дар раванди татбиқи сиёсати энергетикии давлати худ мо - мардуми кишвар бояд як принсипи ҳаётан муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар имрӯз ба масъалаи ҳаёт ва мамоти давлати тоҷикон табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҳатман таъмин намоем.

Дӯстони азиз!
Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он дар ин самт аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ба ҳисоб мераванд.
Қабул ва татбиқи дурусти барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар ва доир ба рушди содироти меваю сабзавот барои давраи то соли 2015-ум имкон медиҳад, ки ҳолати истифодаи замин беҳтар гардонида, дар сурати истифодаи ғайримақсадноки он  чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дар шароити баланд рафтани нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин вазифаи ҷонии кишоварзон аст.
Ба ибораи дигар, мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем.
Ҳоло дар кишварамон бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ, ба эътидол овардани вазъи заминҳои обёришаванда ва барқарорсозии иншооти ирригатсионӣ 15 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 940 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои хариди тухмии зироатҳои кишоварзӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва дигар чорабиниҳо зиёда аз 50  миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Ғайр аз ин, бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои пахтакор соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷет 140 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо гардидааст, ки пешниҳоди он тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар амалӣ шуда истодааст.
Ҳоло барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ механизми қарздиҳии хурд фаъолона истифода шуда, ҳаҷми умумии он то имрӯз ба 350 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта сеюним маротиба зиёд мебошад.
 Татбиқи тадбирҳои зикршуда имкон медиҳад, ки дар давоми як сол маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 16 фоиз ва ҳосилнокии меҳнат 8 фоиз зиёд карда шавад.
Дар иҷрои ин вазифаҳо, яъне пешбурди сиёсати аграрии кишвар, ки дар навбати аввал аз таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди саноати коркарди маҳсулот иборат аст, Вазорати кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд нақши ҳалкунанда дошта бошанд.
Дар баробари ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба хотири иҷрои пурра ва сифатноки барномаҳои қабулгардида оид ба рушди растанипарварӣ ва боғу токдорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, коркарду содироти меваю сабзавот ва дигар барномаҳои соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва муассир андешанд.
Имрӯз масоҳати умумии заминҳои корами мамлакат 710 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 500 ҳазор гектари он заминҳои обӣ мебошад.
Дар 250 ҳазор гектар пахта кишт шуда, қисми боқимонда барои парвариши зироатҳои дигар, аз ҷумла ғалладона, зироати равғандор, картошка, сабзавот, полезӣ ва зироатҳои хӯроки чорво ҷудо мегардад.
Майдони замине, ки дар он аз аввали тобистон кишти дубора анҷом додан мумкин аст, 100 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки он аз охири тобистон ва аввали тирамоҳ то 250 ҳазор гектар зиёд мешавад.
Ҳосили иловагие, ки аз ин заминҳо рӯёнидан мумкин аст, аз 400 ҳазор тонна зироатҳои ғалладона, сабзавот, полезӣ ва зироатҳои равғандор, инчунин 1 миллиону 200 ҳазор тонна зироати хӯроки чорво иборат хоҳад буд.
Фаромӯш набояд кард, ки миллати мо аз азал заминдор буд ва сарзамини мо яке аз марказҳои қадимтарини маданияти заминдорӣ ба ҳисоб меравад. Бо чунин иқлими мусоид ва обу замини худододе, ки барои парвариши тамоми навъҳои зироат ва меваю сабзавот дорем, мо набояд дар таъминоти ғалла ва дигар намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ танқисӣ кашем.
Дар шароити имрӯза барои кишвари мо рушди саноат ва дар навбати аввал саноати сабук, аз ҷумла шоҳибофӣ, ки ба маҳсулоти он ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат талабот зиёд аст,  афзалият дорад.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди минбаъдаи саноати сабук ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки дар хусуси бо таҷҳизоти нави технологӣ таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коркарди пилла ва шоҳибофӣ, ба роҳ мондани амалиёти афзалиятноки содиротиву воридотии соҳа ва рушди кирмакпарварӣ чорабиниҳои заруриро амалӣ созанд.
Барои афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар густариш додани коркарди аввалияи ашёи хоми саноативу маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла алюминий, меваю сабзавот ва пӯсту пашм басо муҳим мебошад.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Ширкати “Алюминийи Тоҷик”, Иттифоқи  “Тоҷикматлубот” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бораи ба таври васеъ ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти зикршуда ва содироти онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Самти дигари рушди саноат истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла истифодаи захираҳои бойи Конимансури Калон мебошад.
Бо ин мақсад ба вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки масъалаи эълон кардани тендери байналхалқиро доир ба истихроҷи захираҳои кони мазкур баррасӣ намоянд.
Ба ҳама маълум аст, ки Конимансур бузургтарин кони нуқра дар дунё аст. Он дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир буда, захирааш беш аз 55 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин танҳо захираи нуқра аст. Дар он ҷо маъданҳои зиёди дигар низ мавҷуданд.
Масъалаи дигар хеле ташвишовар аст. Барои азхудкунӣ ва  корҳои омӯзишию ҷустуҷӯӣ дар конҳо мо 114 иҷозатнома додаем,  аз ҷумла барои конҳои нафту газ. Вале то ба ҳол байни ширкатҳо фақат  иҷозатномафурӯшӣ ба назар мерасаду халос.
Дар кони “Снежний” – и Бадахшон 14 сол боз корҳои омӯзишӣ идома доранд ва ҳеҷ ба анҷом намерасанд. Ҳол он ки сангҳои қиматбаҳои он тариқи  қочоқ аз ҳудуди Тоҷикистон берун рафта истодаанд. Якчанд нафар бо ин сангҳо дастгир ҳам шудаанд. Мо бояд ба ин корҳо хотима бахшем.
Вобаста ба ин, бояд зикр кард, ки ҳоло дар кишварамон барои истифодаи қаъри замин, анҷом додани корҳои иктишофӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор 114 иҷозатнома дода шудааст, вале аксарияти ширкату корхонаҳо тибқи шартҳои он фаъолияти дуруст ва самаранокро ба роҳ монда натавонистаанд. Бинобар ин, ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти дар масъалаи додани иҷозатномаҳо ҷойдошта, таъмини шаффофияти ин амалиёт ва дар асоси озмун муайян намудани ғолибон барои иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок тартибу низоми дахлдорро муайян ва ҷорӣ намояд.
Инчунин бояд дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузории андоз ва гражданӣ, ташкили низоми ягонаи таъминоти иттилоотӣ оид ба ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок, содда гардонидани тартиби бақайдгирӣ, тавсеаи ҳуқуқи истифодабарии конҳо ва тайёр намудани кадрҳои миллӣ дар ин соҳа тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳадафи сеюми стратегии мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва таъмин кардани пешрафти минбаъдаи соҳаҳои нақлиёту алоқа мебошад.
Ҳоло дар ин самт сохтмони нақбҳо, роҳу пулҳои нақлиётии дорои аҳамияти байналмилалӣ, ки барои рафтуомади доимӣ ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақаву ҷаҳон имконият медиҳанд, идома ёфта истодааст.
Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишварамон ҳаҷми маблағгузорӣ барои сохтмони асосӣ сол то сол афзуда истодааст.

Дар соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблағгузорӣ барои сохтмони асосӣ нисбат ба соли гузашта 38 фоиз зиёд пешбинӣ шудааст.
Лекин бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ шумораи иншоотҳои сохтмонашон нотамом низ зиёд шуда истодааст.
Сабаби асосии ин ҳолат баланд шудани нархи масолеҳи сохтмон мебошад, ки қисми зиёди он аз хориҷи  кишвар ворид карда мешавад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳои кишвар оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон чораҳои мушаххас андешанд.
Дар шароити имрӯза рушди иқтисоди миллии кишвар аз сатҳу сифати фаъолияти бахши хусусӣ вобастагии мустақим дорад. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин бахш Ҳукумат минбаъд низ оид ба такмил додани механизмҳои иқтисодиёти озод, содда гардонидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунанд, тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Имрӯз шумораи одамоне, ки дар бахши соҳибкории хурду миёна машғули кор мебошанд, зиёда аз 700 ҳазор нафар ё 35 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медиҳад.
Ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ҳоло аз 48 фоиз иборат аст ва дар назар дошта шудааст, ки ин нишондиҳанда то охири соли 2009-ум ба 55 фоиз хоҳад расид. Тавре ки шумо – мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон медонед, охири соли гузашта дар мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорони ватанӣ проблемаҳои асосии бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар заминаи муҳокимаву музокироти дар ин вохӯрӣ суратгирифта самтҳои муҳимтарини фаъолият ва вазифаҳои сохтору мақомоти давлатӣ дар хусуси дастгирии рушди соҳибкорӣ муайян ва мушаххас карда шуданд.
Ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки барои инкишофи соҳибкории хурду миёна бартараф сохтани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти хоса дорад.
Дар ин раванд, қабл аз ҳама, содда гардонидани расмиёти бақайдгирии давлатӣ зарур аст. Пешниҳод карда мешавад, ки иҷрои ин вазифа минбаъд ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шавад, зеро сохторҳои ин мақомот дар ҳамаи воҳидҳои маъмуриву марзии кишварамон фаъолият мекунанд.
 Як соҳибкор агар хоҳад, ки   ба кори худ оғоз бахшад аз ноҳияи Ҷиргатол, Тавилдара ё водии Рашт барои ба қайд гирифтан ба Душанбе омада, ҳазорҳо сомонӣ қарздор мешавад. Илова ба ин  боз як ҳафтаи дигар идора ба идора гашта, маблағи зиёд харҷ мекунад. Аз ин дасту дили баъзеи онҳо хунук мегардад. Барои ҳамин  салоҳияти барасмиятдарории фаъолияти соҳибкоронро минбаъд мо ба Кумитаи андоз вогузор мекунем, чунки он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сохторҳои маҳаллии худро дорад. Онҳо кори бақайдгириро анҷом дода, соҳибкоронро аз сарсонӣ раҳо мекунанд.
Дар баробари ин, мехоҳам махсусан зикр намоям, ки бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ мо минбаъд низ пешниҳоди қарзҳои бонкиро ба соҳибкории соҳаҳои истеҳсолӣ сол то сол зиёд мегардонем.
Агар ҳаҷми умумии қарздиҳии хурд соли 2006-ум 528 миллион сомониро ташкил карда бошад, соли гузашта он қариб ду баробар афзоиш ёфта, ба беш аз як миллиард сомонӣ расонида шуд. Қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ зиёда аз сеюним баробар, сохтмон - чор ва саноат якуним баробар афзуд.
Вусъат ёфтани қарздиҳии хурд ба хеле қувват гирифтани иштироки аҳолӣ дар фаъолияти иқтисодӣ, афзоиши ҷойҳои нави корӣ, то андозаи муайян паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, густариш пайдо кардани соҳибкории хурду миёна, бахусус дар но?ия?ои дурдасти кӯ?истон мусоидат кард.
Дар робита ба ин, Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат вазифадоранд, ки дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон филиалҳои худро ташкил намуда, ҳам шумораи мизоҷон ва ҳам ҳаҷми қарздиҳии хурдро бештар гардонида, ҳаҷми онро соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта то ду миллиард сомонӣ зиёд намоянд.
Илова бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна пешниҳод мегардад, ки ба тамоми намуди санҷишҳои онҳо ба мӯҳлати ду сол мораторий эълон карда шавад.
Лекин манъ кардани санҷишҳо чунин маънӣ надорад, ки соҳибкорон амалҳои ҷиноӣ содир намоянд ё даромадҳои худро рӯйпӯш карда, аз супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ саркашӣ намоянд.
Баръакс, ин иқдом бояд боиси баланд шудани масъулияти онҳо гардад ва соҳибкорони мо фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда, вазифа ва қарзи шаҳрвандиву ӯҳдадориҳояшонро дар назди қонун ва ҷомеа пурра иҷро намоянд.
Равандҳои глобалӣ ва номусоиди иқтисоди ҷаҳонӣ, аз қабили сатҳи рушди номутаносиб дар байни давлатҳои мутараққӣ ва ҷаҳони боқимонда, афзоиши бесобиқаи нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва сӯзишворӣ, бӯҳрони низоми бонкӣ аз як тараф ва аз ҷониби дигар мушкилоти дохилии таҳти таъсири омилҳои мазкур пешомада моро водор месозанд, ки тамоми кӯшишу ғайрат, донишу таҷриба ва захираву имкониятҳои худро барои ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои асосии стратегиамон сафарбар намоем.   

Дӯстони азиз!
Ҳукумат рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мешуморад ва барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кӯшишу талош дорад.
Дар доираи татбиқи ин ҳадаф ҳаҷми маблағгузории давлатии соҳа дар давоми ҳафт соли охир қариб сездаҳ маротиба афзоиш ёфт, ки ин беш аз чоруним фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил  медиҳад.
Танҳо дар тӯли панҷ соли охир барои рушди соҳаи маорифи кишвар беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Маблағгузории соҳаи маориф аз тамоми манбаъҳо соли ҷорӣ зиёда аз 690 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 40 фоиз зиёд мебошад. Ҳоло дар соҳаи маориф 7 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 250 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар доираи татбиқи онҳо дар соли 2007-ум ва семоҳаи аввали соли 2008-ум  230 муассисаи таълимӣ бунёд ва таъмиру таҷдид карда шуд.
Тавассути ислоҳоти сохтори идоракуниву маблағгузории соҳа, таҳияи нақшаву барномаҳои нави таълимӣ, интишори китобҳои дарсӣ, бунёди мактабҳо ва литсею гимназияҳои нави замонавӣ, таъмиру азнавсозӣ ва бо лавозимоти заруриву воситаҳои техникии муосир таъмин кардани муассисаҳои мавҷудаи таълимӣ ва амалӣ гардонидани тадбирҳои дигар ба рушди соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Соли гузашта барои пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои миёна таҳсил менамоянд, беш аз 10 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ пардохта шуд.
Дар ояндаи наздик дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ҷорӣ кардани тартиби нави маблағгузорӣ ва ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва ҳарчи бештар ба таълим фаро гирифтани фарзандони онҳо ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасии хонандагон пешбинӣ гардида, ба рушди муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ низ афзалият дода хоҳад шуд.
Дар назди кормандони маориф имрӯз вазифаҳои ниҳоят муҳим, пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон, инчунин ба шароити замона мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таълим дар ҳамаи муассисаҳои соҳа қарор доранд. Вале бояд таъкид кард, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда имрӯз сифати таълим ҳатто дар муассисаҳои таълимии номдор ба талаботи давру замон ҷавобгӯ нест.
Вақти он расидааст, ки аз нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба сифатӣ гузарем. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи махсус ва олии кишвар, такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида, онҳоро тадриҷан амалӣ гардонад.
Ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос фонди махсуси тарбияи мутахассисон дар хориҷи кишвар таъсис ёфтааст ва аз ҳисоби ин фонд ҳоло садҳо нафар ҷавонони кишварамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои дигар таҳсил карда истодаанд.
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи ҷавонони лаёқатманди мамлакат ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки маблағгузории фонди мазкурро барои соли оянда ду баробар зиёд намояд.
Мо бояд аз ин кор натарсем, наҳаросем. Таҳлил бояд кард,  кадом мутахассисонеро, ки дар дохили кишвар омода карда наметавонем, маблағи зарурӣ дарёфт намуда, ба хориҷа фиристем.  Фақат интихоб кардан ва фиристодани довталабонро таҳти назорати ҷиддӣ қарор бояд дод. Бояд гуфт, ки баъзан омӯзгорон дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо ба ман муроҷиат карда, аз сатҳи пасти дониши фарзандони фиристодаи мо шикоят мекунанд. Пеши чунин  камбудиҳоро ҳатман гирифтан лозим. Баргаштани онҳо ҳам ҳатман бояд таҳти назорат бошад. Дар навбати аввал онҳое, ки  аз ҳисоби давлат дар хориҷа таҳсил мекунанд, бояд бо кор таъмин карда шаванд.

Ислоҳоти иқтисодӣ ва самарабахшии онро бе инкишофи илм таъмин намудан мушкил аст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумат дар сиёсати давлатии худ бо мақсади рушди илм ва истифодаи дастоварду иқтидорҳои он дар истеҳсолот ба таҳкими нерӯи илмии кишвар ва заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир намуда, маблағгузории давлатии онҳоро тадриҷан афзун мегардонад.
Лекин дар назар бояд дошт, ки афзоиши маблағгузории илм ва вусъат ёфтани таҳқиқоти бунёдӣ аз амалӣ гардидани назарияҳои илмӣ вобаста аст, ки дар натиҷаи он ҳам рушди илм ва ҳам соҳаҳои истеҳсолӣ таъмин карда хоҳад шуд.
Имрӯз агар вазъи илм ва технологияи мо бо сатҳи рушди илму технология ва иттилооти ҷаҳонӣ қиёсан баррасӣ карда шавад, возеҳ мегардад, ки он ҳанӯз ҷавобгӯи ниёзҳои замон нест. Ин ҳам ба илмҳои табиию техникӣ ва ҳам ба илмҳои ҷамъиятӣ дахл дорад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки қисми зиёди институтҳои илмию таҳқиқотии кишвар дар солҳои охир умуман ба ягон дастоварди назарраси илмӣ муваффақ нагардидаанд, институтҳои соҳавии баъзе вазорату идораҳо ба ном вуҷуд доранд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки маблағгузорӣ ба муассисаҳои илмӣ аз рӯи дастовардҳои илмӣ, миқдори кашфиёту ихтироот ва татбиқи онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар анҷом дода шавад. Аз ин рӯ, Академияи илмҳо вазифадор аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар ва бахши хусусии истеҳсолот дар бораи дар амал ҷорӣ намудани дастовардҳои илми муосир тадбирҳои муассир андешад.
Ҳамчунин иқтидору имкониятҳои шабакаи васеи муассисаҳои илмӣ, сохторҳои илмии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар бояд ба татбиқи муваффақонаи стратегияи рушди илму техника, бахусус пешрафти босуръати соҳаҳои навини илм равона карда шаванд.
Пайванди амиқтари илм ва истеҳсолот, ширкати васеъ ва босамари муассисаҳои гуногуни иқтисодиву  иҷтимоӣ дар тақвияти пойгоҳҳои илм, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва таҳкими нерӯи техникию технологӣ тақозои рӯз аст.
Яке аз бахшҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ мебошад. Чанде пеш дар мулоқот бо роҳбарону мутахассисон ва кормандони соҳа мо вазъи умумӣ ва камбудиву норасоиҳои онро муҳокима карда, вазифаҳои масъулони ҳифзи тандурустии аҳолиро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бори дигар зикр намудем.
Ҳукумат аз ҷониби худ барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати кӯмаки тиббию санитарӣ ва таъмин кардани дастрасии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба хизматрасонии ройгони тиббӣ, ба талабот мувофиқ гардонидани шароити муассисаҳои тандурустӣ, бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат таъмин кардани онҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ шаш маротиба афзоиш ёфт. Имсол ҳаҷми он 255 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 62 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо истифодаи беш аз 170 миллион сомонӣ маблағҳои инвеститсионӣ шароити муассисаҳои тандурустӣ ба эътидол оварда мешавад.
Дар баробари ин, мо ислоҳоти соҳаро идома дода, дар доираи он ба ҷорӣ намудани низоми нави пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ, ҷорӣ намудани маҷмӯи кафолатноки хизмати тиббӣ  ва густариши бахши хусусии хизматрасонии тиббӣ имконият ва афзалияти бештар хоҳем дод.
Тарғиби тарзи ҳаёти солим бо роҳи густариш додани варзиш дар байни аҳолӣ низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ ҳамчун самти муҳимтарини фаъолияти худ дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ суръату сифати тоза бахшад.

Дӯстони арҷманд!
Мо борҳо изҳор доштаем, ки фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат буда, дар ташаккулу такомули ҷаҳони маънавии ҷомеа ва тақвияти андешаву рӯҳияи миллӣ нақши муассир ва ҳатто муайянкунанда мебозад.
Асоси сиёсати фарҳангии давлати мо тавассути тарғиби ҳамаҷонибаи таърихи ибратомӯзи халқамон, мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабии миллати куҳанбунёдамон, арзишҳои милливу умумибашарӣ баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти Ватанамон мебошад.
Ба хотири рушди соҳаи фарҳанг тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва барои фаъолияти иттифоқҳои эҷодӣ, муассисаҳои ҳунариву иттилоотӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва воситаҳои ахбори умум муҳити созгор фароҳам оварда шуда, дар панҷ соли охир барои рушди соҳаи мазкур 390  миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.
Дар як муддати кӯтоҳ дар қаламрави кишвар 72 мағозаи фурӯши китоб сохта, ба истифода дода шуд. Дар айни ҳол дар пойтахт бунёди Китобхонаи миллӣ бо захираи 7 миллион нусха китоб идома дорад.
Бо сарфи беш аз 16 миллион сомонӣ театри калонтарини кишвар - Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ таъмири асосӣ шуда истодааст, ки дар арафаи иди Наврӯзи соли оянда ба истифода дода мешавад.
Ғайр аз ин, дар се соли охир аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои азнавсозии театрҳои мавҷудаи мамлакат беш аз 7 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ҳоло таҳияи лоиҳаҳои сохтмони бинои осорхонаи нави миллӣ ва як театри калони давлатӣ омода гардида, бунёди онҳо солҳои наздик дар назар дошта шудааст.
Мардуми мо аз азал ҳунарманд аст ва мо имрӯз низ бо намунаҳои барҷастаи маҳсули дастони ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла косибон ифтихор менамоем.
Бо мақсади ҳарчи бештар густариш ёфтани ҳунарҳои халқӣ дар кишвар ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани  фарҳанги миллии тоҷикон ба Вазорати фарҳанг супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлати ду моҳ Барномаи рушди ҳунарҳои мардумиро таҳия намояд.
Чанде пеш дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Суғд супориш дода будам, ки дар шаҳри Истаравшан коллеҷи ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ ташкил карда шавад. Итминон дорам, ки ин иқдом ба эҳё ва ҳифзу пешрафти ҳам ҳунарҳои дастии халқамон ва ҳам рушди соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар сиёсати фарҳангии кишвар муҳофизат ва барқарорсозии ёдгориву меъмориҳои таърихиву фарҳангӣ, ки аз аҷдодони гузаштаамон мерос мондаанд ва моро ҳамеша ба худшиносиву худогоҳии миллӣ раҳнамоӣ мекунанд, масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир барои таъмиру таҷдиди онҳо беш аз 18 миллион сомонӣ сарф карда шуд ва ин иқдом дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Ба Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Академияи илмҳо зарур аст, ки дар бораи ҳифзи боэътимоди ёдгориҳои таърихӣ, таъмиру тармими онҳо ва ҳамчун иншооти сайёҳӣ истифода намудани онҳо тадбирҳо андешанд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи  босамар ва оқилонаи он вобаста аст.
Андозаи музди миёнаи меҳнат ва ҳадди ақали нафақа яке аз меъёрҳои муайян намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳарчанд ки дар давоми ду соли охир дар кишварамон музди миёнаи меҳнат қариб якуним баробар ва нафақаи иҷтимоӣ 50 фоиз зиёд карда шуд, вале ин ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.
Дар доираи чорабиниҳои пешбиникардаи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат аз якуми июли соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин андозаи нафақаҳо зиёд карда мешавад.
Дар соҳаи маориф музди меҳнати кормандон ва стипендияи донишҷӯёну аспирантҳо аз соли хониши нав баланд бардошта, тафриқаи музди меҳнати ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ, омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ бартараф карда мешавад ва музди меҳнати онҳо бо маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар мегардад.
Дар марҳалаи сеюми ислоҳоти музди меҳнат баланд бардоштани маоши хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар назар аст, ки он низ аз аввали июли соли ҷорӣ амалӣ мегардад.
Тибқи нишондодҳои ислоҳоти мазкур ҳадди ақалли маош ба 60 сомонӣ ё се баробар, ҳадди ақалли нафақа ба 50 сомонӣ ё дуюним баробар зиёд карда шуда, нафақаи ниҳоӣ аз 180 ба 300 сомонӣ расонида мешавад.
Дар марҳалаи кунунӣ ҳалли масъалаҳои бозори меҳнат дахолати мунтазами давлатиро тақозо менамояд. Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2008-2009 ҷудо кардани 14 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар давоми панҷ соли охир дар кишварамон зиёда аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст, вале бо вуҷуди ин вазъи бозори меҳнат ҳанӯз пурра ба эътидол наомадааст.
Вобаста ба қабули Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ барои солҳои 2008-2015 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар вазорату идораҳо, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷараёни татбиқи самарабахши ҳуҷҷати мазкурро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, оид ба паст кардани сатҳи бекорӣ, ташкили ҷойҳои нави кории доимӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ҳар моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумот пешниҳод намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии вазъи ногувор дар бозори меҳнат ва умуман дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ набудани сифати захираҳои меҳнатӣ мебошад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи зудтар масъалаи касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ, бекорон ва дигар шахсони ба бозори меҳнат воридгаштаро бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ҳаллу фасл намоем.
Ҳамчунин ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки бо тартиби муайянгардида лоиҳаи Стратегияи давлатии танзими бозори меҳнат ва нақшаи нави таъсиси ҷойҳои кориро барои давраи миёнамӯҳлат таҳия намояд.
Дар масъалаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, яъне собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пиронсолони бепарастор ва оилаҳои камбизоат сиёсати давлат тағйирнопазир аст.
Мо дар ин самт маблағгузории умумии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро дар панҷ соли охир қариб 10 маротиба ва имсол нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд карда, кӯшиш дорем, ки шароити зистро дар онҳо торафт беҳтар созем.
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои аҳолие, ки ба нигоҳубину парасторӣ ва табобату дастгирӣ эҳтиёҷ доранд, минбаъд низ тадбирҳои судманд хоҳем андешид. Зеро ҳамаи чорабиниҳое, ки то имрӯз дар мавриди ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ карда истодаем, пеш аз ҳама ба иҷтимоиёт нигаронида шудаанд.
Бо мақсади ҳалли проблемаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди онҳо давлат танҳо барои соли ҷорӣ 48 фоизи буҷетро ба иҷтимоиёт равона кардааст.

Ва мо азми қатъӣ дорем, ки бо роҳи таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ ва таҳким бахшидани иқтидор ва имкониятҳои молиявии кишвар вазъи соҳаҳои иҷтимоиро зина ба зина беҳтар карда, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем.

Ҳозирини мӯҳтарам!
Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар  аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст. Дар фароҳам овардани онҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон, ки вакилони он дар асоси доимӣ фаъолият менамоянд, мавқеи муассир ва намоён дорад.
Имкониятҳои Маҷлиси намояндагон дар ин самт хеле васеъ мебошанд, вале онҳо дар такмили қонунҳо ҳамаҷониба ва пурра истифода намешаванд.
Зеро масъалаҳои номувофиқатӣ ва мухолифат дар миёни қонунҳо то ҳанӯз аз байн бурда нашудаанд. Барои бартараф намудани нуқсонҳои асноди қонунгузорӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани онҳо Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бояд мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад.
Ҳамчунин барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани қонунҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо, инчунин мониторинги тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар назди Президент таъсис додани Маркази миллии қонунгузорӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ ҳокимияти судии мустақил ва беғараз нақши асосӣ дорад.
Ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи онҳо, мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникии судҳо соли гузашта Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд.
Ҳамзамон бо ин, ба мақсади тақвияти ваколатҳои ҳокимияти судӣ соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагон Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ пешниҳод мегардад, ки тибқи он таҳкими кафолатҳои ҳифзи судии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ пешбинӣ мегардад.
Дар заминаи он додани иҷозат барои ба ҳабси пешакӣ гирифтани шахси гунаҳкор ба ихтиёри мақомоти судӣ гузошта мешавад, ки он аз соли 2010 амалӣ карда хоҳад шуд.
Мо барои мустақилияти судҳо ва таъмини фаъолияти дахолатнопазири онҳо ҷиҳати ҳифзи адолати иҷтимоӣ минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешем.
Дар навбати худ аз кормандони мақомоти судӣ тақозо мегардад, ки дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти хеш бо дасти поку нияти нек муносибат намоянд.

Зеро ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даст задани баъзе судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо эътибори ҳокимияти судиро доғдор менамояд. Ба Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлия зарур аст, ки ба фаъолияти худ дар самти пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, аз шахсони тасодуфӣ тоза кардани ҳайати мақомоти судӣ, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа тақвият бахшанд.
Бо мақсади такмили минбаъдаи механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон Қонун «Дар бораи ваколатдори ҳуқуқи инсон» қабул гардид, ки он заминаҳои ҳуқуқии таъсиси мақоми махсусро дар баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон таъмин мекунад. Ин сохтор бояд ҳамкории ҳамаҷонибаи худро пеш аз ҳама бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту мақомот ба роҳ монад.
Маълум аст, ки рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Бо дарназардошти чунин вазъ, ба андешаи ман вақти он расидааст, ки аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси мамлакат тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда, то ҷашни 15-солагии қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне 6-уми ноябри соли оянда аз чоп бароварда шавад.
Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он ба миён омадааст.
Дар амалӣ намудани чунин барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои то ба ҳол қабулшуда бояд ҳамаи рукнҳои ҳокимият, инчунин аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа ҳаматарафа ҷалб карда шаванд.

Дӯстони азиз!
Шумо хуб медонед, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт аз амнияту суботи сиёсии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобаста аст.
Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои хатарноки муосир – терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллӣ нигаронида шудааст.
Вобаста ба ин як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шудаанд, ки дар онҳо татбиқи тадбирҳои мушаххас, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуби ҷомеа пешбинӣ гардидааст.
Бо дарназардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем.
Барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани чорабиниҳои давлатӣ дар ин самт мақоми махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд.
Дар тӯли як соли фаъолияти худ агентӣ зарари калони молиявиро муайян карда, зиёда аз 700 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, аз ҷумла тасарруф ва исрофкории маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ, сӯиистифода аз мансаби хизматӣ ва тамаъҷӯиву ришваситониро ошкор намуд.
Бояд таъкид намуд, ки мубориза бар зидди коррупсия вазифаи танҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нест.
Аҳли ҷомеа низ набояд аз ин мубориза дар канор бошад. Дар мубориза бо коррупсия, бояд пеш аз ҳама ба рафъи сабабу омилҳо ва шароити ба пайдоиш ва густариши он мусоидаткунанда таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.
Дар баробари ин, бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар тавассути муттаҳид кардани кӯшишҳои муштарак дар пешгириву мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир фаъолияти худро пурзӯр намоянд.
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлат аст. Таъмини истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи боэътимоди марзу буми мамлакатро Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳанӯз хеле ҷавонанд, ба зимма доранд.
Бо дарназардошти ин, тақвияти нерӯи мудофиавии кишвар, таҳкими заминаҳои моддиву техникии он, омодагии ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ, бо кадрҳои баландихтисосу бомаҳорат таъмин кардани онҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ самти муҳимтарини сиёсати мудофиавии кишвар мебошад ва дар ин ҷода ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Дар давоми ҳафт соли охир беш аз 3700 нафар шаҳрвандони мо муассисаҳои таълими ҳарбии мамлакат ва беш аз 1300 нафар мактабҳои ҳарбиро дар хориҷи кишвар хатм намуданд.
Ҳоло зиёда аз 3000 нафар дар дохил ва 700 нафар ҷавонон дар муассисаҳои таълими ҳарбии хориҷи мамлакат таҳсил доранд, ки дар ояндаи наздик онҳо ба ҳайси мутахассисони низомӣ ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил хоҳанд гашт.
Дар айни ҳол Нақшаи дурнамои бунёди шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва сохтмони манзил барои хизматчиёни низомӣ барои солҳои 2009-2020 таҳия шуда истодааст.
Бо қабули ин нақша ва давра ба давра дар амал татбиқ намудани он мо проблемаву камбудиҳои дар ин бахш мавҷударо бартараф хоҳем кард.

Шарти асосии омодагии ҷангиву қобилияти мудофиавии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ интизоми қавӣ ва тартиботи қатъӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои низомии кишвар зарур аст, ки барои аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ба таври қатъӣ риоя гардидани оинномаҳои ҳарбӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳамчунин тарбияи кадрҳои ватандӯсту ватанпарвар, баландихтисосу обутобёфта ва аз тариқи аттестатсия аз шахсони тасодуфӣ тоза кардани ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ вазифаи бевоситаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд бошад.
Ба ҳама маълум аст, ки сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст.
Бо мақсади ташаккул ва такомули низоми хизмати давлатии касбӣ соли гузашта Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар таҳрири нав қабул гардид.
Ба хотири татбиқи пурраи қонуни мазкур ва пешбурди дурусти сиёсати давлат доир ба кадрҳо, пеш аз ҳама, ба Раёсати хизмати давлатӣ зарур аст, ки низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқиро оид ба ин масъала таҳия ва ҳамоҳанг сохта, барои таҳкими низоми хизмати ягонаи давлатӣ тадбирҳои муассир андешад.
Вобаста ба ин роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ бояд риоя гардидани муқаррароти Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро дар бобати аз тариқи озмун ба кор қабул кардан, гузаронидани аттестатсия, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ таъмин намоянд. Ҳамчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба тақсим ва танзими вазифаҳо, дуруст муайян кардани низом ва сохтори идоракунӣ, ваколатҳо ва масъулияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, ба низом даровардани фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ аз ҷумлаи корҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти низоми идоракунии давлатӣ аз зиёд кардани шумораи мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ худдорӣ намуда, бояд бештар ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбиву сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷӯҳ бояд кард.
Дар ин раванд ба масъалаи аз байни ҷавонон ва занону духтарони лаёқатманду соҳибмаърифат интихоб кардан ва ба вазифаҳои роҳбарикунандаву масъул пешбарӣ намудани онҳо эътибори ҷиддӣ бояд дода шавад.
Вобаста ба ин, ба Ҳукумат, Раёсати хизмати давлатӣ ва дигар бахшҳои марбута, инчунин вазоратҳои маориф, рушди иқтисод ва савдо, молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳоро таҳия намоянд.
Роҳбарону кормандони масъули ҳамаи зинаҳои хизмати давлатӣ ва умуман тамоми хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат нафақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад.
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси Миллӣ

ва  вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба вуҷуд овардани муҳити ҳарчи бештари мусоид барои ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар самти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлат ва миллатамон дар арсаи байналхалқӣ  дар маркази ин сиёсат буд ва хоҳад монд.
Татбиқи масъулона ва муваффақонаи ин сиёсат  боиси боз ҳам тақвият ёфтани мавқеи кишвар дар ҷомеаи  ҷаҳонӣ ва пазируфта шудани  ташаббусҳои мо дар арсаи байналмилалӣ  мебошад.
Яъне Тоҷикистон мақоми  шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.
Дар ҷаҳони имрӯза тамоюлу рӯйдодҳое ҳастанд, ки мавриди дастгирӣ ва ё боиси нигаронии мо мебошанд.
Қабл аз ҳама раванди афзудани фарқ байни кишварҳои сарватманд ва камбизоат бештар аён мегардад. Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад.
Ба инсоният бемориҳои нави сирояткунанда таҳдид мекунанд. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо суръати баланд густариш ёфта, ҷинояткории муташаккил, бахусус шаклҳои трансмиллии он авҷ мегирад.
Зиёда аз ин, таҳдидҳое ба монанди терроризм, экстремизм ва сепаратизм, ки қаблан ҳам вуҷуд доштанд, дар замони мо хислати глобалӣ касб намудаанд.
Имрӯз      ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масъалаи дарёфти тавозуни оқилона байни манфиатҳои ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Ба ин асосан тағйироти босуръат ва назарраси сохтор ва мазмуни равобити байналмилалӣ аз ҳисоби рушди босуръати иқтисодӣ, илмию технологӣ ва вазъи демографии як қатор давлату минтақаҳои ҷаҳон сабаб гардидааст.
Чунончи, маҷмӯи маҳсулоти дохилии баъзе кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки шумораи аҳолиашон дар муқоиса бо баъзе кишварҳои инкишофёфта чанд баробар зиёд мебошад, аз рӯи меъёри қобилияти харидории ҳампоя аллакай дар иқтисоди ҷаҳонӣ ҷойҳои аввалро ишғол кардааст.
Ҷаҳонишавӣ, бешубҳа, ба тамоюли асосии рушд ва омили муҳими ташаккулдиҳандаи сиёсат мубаддал гардидааст. Густариши ин раванд, бо таҳаввулоти инқилобӣ дар технологияҳои муосири иттилоотӣ ва воситаҳои коммуникатсия, ки ҳамзамон бо он интиқоли озоди сармоя, мол ва қувваи корӣ сурат мегирад, вобаста мебошад.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ, бахусус дар соҳаи иқтисод ба андозаи баробар ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳо – бузург ва хурд, муқтадир ва камнуфуз, инчунин сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии онҳо  таъсир мерасонанд.
Дар натиҷаи ин раванд вазъи иҷтимоии  шаҳрвандони як мамлакат, аз як тараф аз фаъолияти ҳукумати он кишвар вобаста бошад, аз тарафи дигар аз таъсири рӯзафзуни  омилҳои беруна  дар канор намемонад.
Дар чунин вазъи бавуҷудомада афзалиятҳои мо дар самти сиёсати хориҷӣ тағйири ҷавҳарӣ напазируфтанд. Ин  ҷо ҳеҷ мухолифате нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати дохиливу хориҷӣ мавқеи усулӣ дорад.
Аз ин хотир, мо минбаъд низ ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо кишварҳои минтақа, ҳамсояҳои дуру наздик ва шарикони санҷида-Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Иқтисодии Евразия чи бар пояи  дуҷониба ва чи бар пояи бисёрҷониба густариш хоҳем дод.
Дар ин самт барои пешбурди кори муштараки мутақобилан судманд майдони фарохе вуҷуд дорад.
Тоҷикистон аз дидгоҳи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» омодагии худро ба густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарбу  Шарқ ва олами ислом таъкид менамояд.
Дар ин раванд аҳамияти беш аз пеш касб намудани густариши ҳамаҷонибаи равобити созанда ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди таъкид аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики фаъоли эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризм буд ва хоҳад монд.
Дар ин самт мо ҳамдастии созандаро бо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари ин эътилоф на фақат дар ин соҳаи муҳим тавсеа хоҳем бахшид, балки ба густариши ҳамкории муфиди иқтисодӣ низ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳем кард. Дар айни замон, чунин фаъолиятро  дар чорчӯбаи имкониятҳои  Созмони  Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар институтҳои минтақавию байналмилалӣ идома хоҳем дод.
Ҳамин тариқ, бояд таносуб ва тавозуни оқилона ва дурандешонаи сиёсати хориҷиву дохилии кишвар таъмин карда шавад, ки он ба татбиқи муваффақонаи манфиатҳои миллӣ ва давлатии мамлакат ҷиҳати таъмини  рушди устувори иқтисоди миллӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва афзудани обрӯю эътибори мо дар ҷаҳони имрӯза хизмат намояд.    
Ҳозирини мӯҳтарам!
Ҳамватанони азиз!
Тоҷикистон дар ибтидои асри XXI ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои олии давлат ва миллати тоҷик такмил дода, ба сӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ марҳала ба марҳала рушд меёбад.
Бояд зикр кард, ки дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ мо бояд пеш аз ҳама ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, ҳамеша ба хотири суботи кишвар ва оромии ҷомеа саъю талош намоем.
Мо имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар фосилаи ҳабдаҳ соли истиқлолияти давлатӣ хеле мушкилоту монеаҳои ҷомеаи худро  бартараф намуда, таҳкурсӣ ва пояҳои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро гузоштем ва ба корҳои азими созандагӣ шурӯъ намудем.
Ҳар як давлатро фарзандони ватандӯсту ватанпараст, бунёдкору созанда ва соҳибмаърифату равшанфикраш обод мекунанд.
Яъне имрӯзу фардои Ватан ва миллат дар дасти фарзандони бошараф, бонангу номус ва зираку ҳушёри сарзамини бостонии мост.
Бинобар ин, аз Сарвари давлат сар карда, то роҳбарону кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва  ҳар як фарди худогоҳу бедордили кишвар бояд кӯшиш намоем, ки сарзамини биҳиштосоямонро бо азму иродаи қавӣ ва бо заҳмати софдилонаву содиқона ободу зебо гардонем, сатҳи зиндагии мардумамонро ба пояи арзанда расонем ва баробар бо ҷомеаи мутамаддини башарӣ қадам бардорем.
Итминони комил дорам, ки мардуми ҳимматбаланду ободгар ва миллати куҳанбунёду бофарҳанги тоҷик метавонад барои ояндаи шукуфон ва рушду нумӯи сарзамини аҷдодии худ корҳои зиёди созандагиро анҷом дода, барои наслҳои оянда шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварад.
Имсол мардуми кишвар ҷашнҳои бузург ва таърихии худ - 17-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150- солагии султони шоирони Аҷам - устод Рӯдакиро таҷлил хоҳад кард.
Шубҳае нест, ки ин ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ ба таҳкиму густариш ёфтани худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандории ҳар як фарди Тоҷикистони азиз ва ободу зебо шудани сарзамини аҷдодиамон мусоидат менамояд.
Меҳри азалӣ ба Ватани аҷдодӣ,  муҳаббат ба диёри бостонӣ, насл ба насл пос доштани забони шаҳдбору шоиронаи Рӯдакӣ ва пайвандҳои ҳазорсолаи гузаштаву имрӯза қутбнамое мебошанд, ки моро ба сӯи ояндаи нек ва бозёфтҳои тоза раҳнамоӣ мекунанд.
Истиқлолияти давлатӣ, Забон, Модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёд ҳалқаҳои васле мебошанд, ки моро ба сӯи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд. Аз ин рӯ, ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд.
Бигзор, забони ҷовидонаи шеъри қофиласолори адабиёти тоҷику форс  устод Рӯдакӣ равшангари роҳи мо ба сӯи фардои обод бошад!
Бигзор, сарзамини хуршедии мо - Тоҷикистони азиз бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ ва симои хоси миллӣ ҳамсафи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон гардад!
Бигзор, ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона,  ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона бошад!
Ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин роҳи душвор, вале пурифтихор рӯҳи матин, нерӯи тоза ва барори кор орзумандам.

Ташаккур!

nbsp; дар чорчӯбаи имкониятҳои

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520