ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Рашт
таъин намудани Муқимӣ Р.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 феврали соли 2019
№1218