Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи ҳамдардӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао

14.04.2010 13:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби раиси мӯҳтарам,
Хабари рух додани зилзилаи шадид дар баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон сабаби сахт андӯҳгин гардидани ҳамагон шуд. Тавре ки маълум аст, ин фалокат сабаби харобиҳои зиёд ва қурбон гардидани шумораи зиёди одамон гардидааст.

Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз номи ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ва осебдида расонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520