Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров

05.02.2019 10:37, шаҳри Душанбе

5 феврали соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, изҳор доштанд, ки “Рушди мунтазами муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад”.

Ҳалли масъалаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷалби технология барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи ашёи хом, коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, маҳсулоти чорво, азхудкунии неъматҳои табиӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Россия, баррасии масъалаҳои ташкили марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ, аз самтҳои муҳиму ояндадори равобити ду кишвар номида шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамгироии сиёсӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, ҳифзи сарҳади давлатӣ, татбиқи Барномаи модернизатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла сохтмони мактабҳои омӯзиши забони русӣ, ҷалби омӯзгорони рус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дуҷонибаи минтақавию байналмилалӣ муҳокима карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520