Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Шўрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ

28.04.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи панҷуми Шўрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои саромоягузорӣ доир гардид.

Дар кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Котиби масъули Шўрои машваратӣ Давлаталӣ Саидов, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва намояндагони сершумори кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалии мададрасони Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии кори Шўрои машваратӣ, ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблии шўро, нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин мавзўъ, нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ ва лоиҳаи рўзномаи кории ҷаласаи ояндаи Шўрои машваратӣ баррасӣ шуд.

Оид ба масоили номбурда нахуст маърўзаи Котиби масъули Шўрои машваратии назди Президенти мамлакат, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов шунида шуд.

Аз ҷумла, аз раванди беҳшавии тадриҷии фазои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба гуфти Давлаталӣ Саидов маҳз натиҷаи ҳамин кор буд, ки Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ 12 зина боло рафта, ба қатори 10 кишвари ислоҳотбаранда ворид шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин аъзои шўро - Раиси иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Некрўй Забиров, Роҳбари Асотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков, Роҳбари Асотсиатсияи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон Зайд Саидов ва Роҳбари Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Ҷефри Леҳрер дар бораи корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои ояндаи беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ андешаронӣ карданд.

Зимни ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ ва механизми татбиқи ин нақша ба баррасии маҷлиси Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз қабул ва татбиқи нақшаи мазкур баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Тоҷикистон оид ба «Пешбурди тиҷорат» аз рўи панҷ нишондиҳанда - «савдои байналмилалӣ», «дастрас намудани қарзҳо», «андозситонӣ», «гирифтани иҷозат барои сохтмон» ва «таъсиси корхонаҳо» мебошад.

Қарор карда шуд, ки дар ҷаласаи ояндаи Шўрои машваратӣ масъалаи «татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди тиҷорати электронӣ» баррасӣ гардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ҷамъбастии худ масоили вобатста ба беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва вусъат додани истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла ташкили ҳукумати электрониро аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, баҳри татбиқи босамар ва босуръати ин ҳадафҳо ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520