Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.04.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 50 масъала баррасӣ гардид.

Дар маҷлиси ҳукумати мамлакат нахуст ҳисоботи Вазири тандурустӣ дар бораи Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010 шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба талаботи замон мувофиқ намудани сохтор ва тарзи кори беморхонаҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ аз бемориҳои гуногуни сироятӣ ва бунёди корхонаҳои дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ба роҳбарияти вазорати тандурустӣ супоришҳои мушаххас дод. ҳамчунин дастур дода шуд, ки оид ба фаҳмондани зарари ҷиддии телефонҳои мобилӣ ба саломатии мардум, хусусан кўдакону наврасон бо истифода аз имконоти воситаҳои ахбори умум чораҳо амалӣ карда шаванд.

Оид ба рафти иҷрои Барномаи «Беҳбудии фазои соҳибкорӣ – 200 рўзи ислоҳот» ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки монеаҳои дар роҳи татбиқи босамари ислоҳот баҳри беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ вуҷуддоштаро ҳарчи зудтар бартараф намоянд.

Зимни маҷлиси имрўза як зумра барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои муҳим тасдиқ карда шуданд. Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи давлатӣ оид ба омўзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030, Тартиби сертификатсияи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро вазифадор намуд, ки оид ба корҳои анҷомёфта дар самти рушди туризми дохилӣ ба ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намояд.

Таъкид гардид, ки баҳри омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон, ба ҷањониён ошкор намудани обшавии босуръати онҳо, ки сабаби асосиаш афзоиши партовҳои гази карбон, ғализшавии ҳавои атмосфера ва тағйирёбии иқлими минтақа ва сайёра аст, чораҳои муассир андешида шаванд. Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон бояд дар раванди тадбирҳои ҷаҳонии пешгирӣ аз гармшавии глобалии иқлим, ки аз ибтикороти Киото ва Копенгаген бармеоянд, нақши муассир дошта бошад, зеро ки дар ҳудуди кишвари мо 8 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Масоҳати ин пиряхҳо ба 8% ҳудуди умумии мамлакат баробар буда, ҳаҷми оби тозаи онҳо 550 км мукаабро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки баҳри омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон ва ба ҷаҳониён ошкор намудани обшавии онҳо чораҳои муассир андешида шаванд. Дастур дода шуд, ки баҳри омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда, аз ҷумла баҳри захираи фаровони ангишт, гази моеъ, озуқаворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ аз ҳозир тадбирҳо андешида шаванд.

Лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд. Бо лоиҳаи чанд қонуни дигар ба Кодекси андоз, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба қонун «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуд.

Дар охири маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат омадаанд, тасдиқ карда шуд.

Вобаста ба иҷрои ин супоришҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба арзу шикоятҳои мардум таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ҳаллу фасли таклифу дархостҳои онҳо зери назорати доимӣ гирифта шавад.

Хотиррасон бояд кард, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ҳар рўзи шанбе шаҳрвандонро қабул намуда, оид ба ҳаллу фасли арзу шикоятҳои онҳо чораҳо андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520