Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеъи таъҷилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.05.2010 19:30, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеъи таъҷилии ҳукумати кишвар баргузор гардид, ки дар он масоили вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар гурўҳи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд баррасӣ шуд.

Маҷлиси васеъи таъҷилии ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Тавре ки маълум шуд, бар асари боришоти аз ҳад зиёди борону жола, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи оби каналу дарёҳо ҳафтаи охир ба 12 шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон зарари калони моддӣ расид ва мутаассифона, офати табиӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид.

Дар суханронӣ омадааст, ки «беш аз ду ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, иншооти зиёди таъиноти иҷтимоӣ, 30 пул, даҳҳо километр роҳҳои мошингард, хатҳои интиқоли барқу телефон хароб гардида, даҳҳо нафар ҳалок, зиёда аз панҷоҳ нафари дигар беному нишон ва қариб дусад нафар маъюб шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «аз ҳалокати одамон сахт андўҳгин» аст ва «ба оилаҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ наздикону пайвандони худро аз даст додаанд, бори дигар аз номи худ ва ҳукумати мамлакат арзи тасаллият ва ҳамдардии амиқ» кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт:-«мо оилаҳои азодор ва хонаводаҳои зарардидаро танҳо намегузорем ва таъҷилан ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем, ки оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шаванд, вале афсўс, ки ҷонҳои рафтаро касе баргардонида наметавонад».

Тибқи маълумоти Сарвари давлат, «ҳаҷми умумии зарари офатҳои табиие, ки рўзҳои охир ба вуқўъ омаданд, мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ қариб 900 миллион сомониро ташкил медиҳад».

Аз ибтидои соли равон дар натиҷаи офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла заминларзаи ноҳияи Ванҷ, дар кишварамон дар маҷмўъ қариб даҳ ҳазор гектар замини кишт, зиёда аз 70 пул, шумораи зиёди иншооти ҳифозати соҳил, садҳо километр роҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, даҳҳо муассисаҳои таълимиву тандурустӣ хароб гардиданд.

«Умуман аз тамоми офатҳои табиие, ки соли равон рўй доданд, мо беш аз дуюним миллиард сомонӣ зарари моддӣ дидем», - таъкид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ба ҳайати шахсии полки дар Кўлоб будаи Пойгоҳи 201-уми ҳарбии Россия, Ҳукумати Узбекистон ва шахсан ба Президенти ин кишвар Ислом Каримов барои саривақтӣ аз номи худ, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон арзи сипос кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва муҳайё намудани шароитимуқарррии зист барои аҳолии зарардидаи шаҳри Кўлоб дигар ноҳияҳои ин минтақа ва шаҳри Панҷакенту ноҳияи ғончии вилояти Суғд дар назди вазорату идораҳои марбута ва дигар сохторҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар муддати 10 рўз маблағи умумии зарари расида, рўйхати аниқгардидаи зарардидагон, эҳтиёҷоти онҳо, шумораи хонаҳои нав ва барқароршаванда ва дигар маълумоти зарурӣ бояд омода гарданд. Маҳаллаи нави истиқоматӣ дар ҷойи бехавф бунёд ёфта, бо мактабу бунгоҳи тиббӣ ва тамоми инфрасохтори зарурӣ таъмин хоҳад шуд.

Оид ба ҳаҷми зарари расида, корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои муайяншуда Раиси комиссияи давлатӣ ва роҳбари ситоди ҷумҳуриявӣ Муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳайбулло Латипов ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳо ахбор доданд.

Тибқи маълумоти Муродалӣ Алимардон, дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон 270 хона пурра ва 800 хона қисман вайрон шудаанд. Умуман дар минтақаи Кўлоб 453 хона пурра ва 1764 хона қисман хароб гаштаанд. ҳамчунин 19 мактаб, 12 беморхона, 80 пул, 531 км роҳҳои мошингард, 29 км саддҳои дарёву каналҳо, 122 км каналу заҳбур, 109 км хатҳои барқу алоқа зарар дидаанд. қариб 20 ҳазор гектар заминҳои кишт ва боғу токзор зери лойқа ва сангу шағал мондааст.

Зимни баррасии роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои офат ва барқарор намудани шароити зисти аҳолии зарардида, аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, бонкҳо, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва дигарон Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки зиёда аз 500 адад хонаҳои нав бунёд карда, бо тамоми ашёи рўзгораш ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, тўҳфа мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод ва Шўрообод вазифадор намуд, ки доир ба ҳарчи зудтар барқарор намудани роҳу пулҳо, каналҳо, сарбандҳои рахнашуда, дигар иншооти ифрасохторӣ ва ба маҷрои доимии худ баргардондани дарёҳои Сурхоб, Ёхсу ва оби Тебалай тамоми қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо сафарбар намоянд.

Супориш дода шуд, ки барои аҳолии бесарпаноҳмонда ҷойҳои муваққатии зист бо тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла об, барқ, хўроки гарм, ҷойи хоб ва хизматрасонии доимии тиббӣ омода карда шаванд.

Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ чораҳои саривақтии санитарию гигиенӣ амалӣ карда шаванд.

Ҳамчунин ба Раиси вилояти Суғд қоҳир Расулзода ва дигар шахсони дахлдор оид ба расондани кўмакҳо ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ғончӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520