Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

25.12.2018 17:09

Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният табрикоти хешро ба Шумо дар робита ба якдилона қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои СММ пешбарӣ гардид, изҳор менамоям.

Руйдоди мазкур қадаме бузург ва таҷассумгари эътимоди кишварҳои аъзои СММ нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масоили об ва ҳомии раванди  ҷаҳонии амалисозии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030 барои Рушди устувор маҳсуб меёбад.

Мутмаинам, ки кишварҳои аъзои СММ аз ваколатҳои нави қатъномаи мазкур ҷиҳати пешбурди фаъолияти муштаракамон дар самти об, аз ҷумла тариқи арзёбии миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, самаранок истифода хоҳанд намуд.

Бори дигар, барои садоқататон дар пешбарии ин самти муҳим изҳори сипос менамоям.

Лутфан ғояти эҳтироми маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520