Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас

14.12.2018 18:07, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таъмини амнияту бехатарӣ ва суботу оромии минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Нақши муҳими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромилӣ таъкид гардид ва ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза ба зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ татбиқи мувофиқаҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба дастомада, аз ҷумла қарори расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии Созмон ба шумор меравад, ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои марбутаи корӣ ва тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳим шуморида шуд.

Дар робита ба фаъолияти самарабахши Созмон ҷонибҳо мавзӯи таъин гардидани номзадии Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррассӣ намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии номзади Ҷумҳурии Беларус ба ин мансаби сермасъул иброз доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520