Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳакимзода Қурбон
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳакимзода Қурбон соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.

Соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро хатм кардааст.

Cолҳои 1988 – 1996 дар вазифаҳои агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия»-и шаҳри Хуҷанд ва мутахассиси шӯъбаи Комплекси агросаноатии Ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 1996 – 2008 ҳамчун раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд ва сардори  Идораи кишоварзии вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2006 - 2008 Муовини раиси вилояти Суғд, солҳои 2008 - 2010 Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, солҳои 2010 - 2013 Раиси ноҳияи  Фархори вилояти Хатлон ва солҳои 2013 - 2018 Муовини якуми раиси вилояти Хатлон буд.

Аз соли 2018 то соли 2019 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2019-2023 раиси вилояти Хатлон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2023 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо забонҳои русӣ, узбеки ва англисӣ озодона ҳарф мезанад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520