ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
озод намудани Мирзозода Н.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
23 ноябри соли 2018
№1139