Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон

22.05.2010 13:00

Муовини Сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи давлатӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Муродалӣ Алимардон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кўлоб оид ба корҳои фаврии барқарорсозӣ ва ободонии мавзеъҳои аз офати табиӣ харобгашта телефонӣ ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки баҳри ба маҷрои пешинаи худ баргардондани дарёҳои Сурхоб, Ёхсу ва Тебалай, барқарор намудани соҳилҳо ва саддҳои рахнашуда, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва оғози сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои нав барои аҳолии бесарпаноҳмонда корҳо бо сифат ва суръати баланд ба роҳ монда шудаанд. Мардуми хонаҳояшон вайроншуда дар ҷойҳои муваққатии зист ҷойгир шуда, бо шароити зарурӣ, аз ҷумла хўроки гарм ва хизматрасонии тиббӣ таъмин гаштаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Муродалӣ Алимардон оид ба сафарбар намудани сохторҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ баҳри ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дар мўҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расондани сохтмони маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бо тамоми шароити муосири зиндагӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҳамчунин ҳисоботи раисони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён Холмурод Раҳмонов ва Абдумуъмин Улфатовро телефонӣ шунида, дар назди онҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва кўмаку ғамхорӣ кардан ба мардуми зарардида вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520