Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.05.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он зиёда аз 45 масъала баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси навбатӣ нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2010 тасдиқ гардид.

Сипас ҳисоботи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Стратегияи мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 шунида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рафти иҷрои Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 – ро «нокифоя» арзёбӣ намуда, ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва дигар сохтору мақомот дастур дод, ки дар мўҳлати 1 моҳ баҳри иҷрои пурра ва босамари ин санад ва муборизаи беамон бо ин зуҳуроти номатлуби ҳаёти ҷомеа нақшаи чорабиниҳои мушаххасу муассир таҳия ва қабул намоянд ва мавриди татбиқи босамар қарор диҳанд.

Ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд оид ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки дар солҳои 2007-2009 дар маҷмўъ дар ин ноҳия бо харҷи 1 569 000 сомонӣ ҳолати мелиоративии 4700 гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонда шуд. Барои иҷрои ин ҳадафҳо дар ноҳия ҳамчунин аз ҳисоби лоиҳаи инвеститсионии «Барқарорсозии системаи ирригатсионӣ», ки ҳаҷми умумии маблағи он ба 8 миллиону 30 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст, корҳои зиёд ба сомон расидаанд. То имрўз аз ин маблағ 7,4 миллион доллари амрикоӣ аз худ шудааст, ки баробари 93% нақша мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки рафти иҷрои тамоми лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ҳадафмандона харҷ шудани маблағҳои онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ ва назорати доимӣ қарор дода шавад.

Дар солҳои 2007-2009 дар ноҳияи Ашт, тибқи ҳисоботи Раиси ноҳия, ҳамчунин 217 гектар заминҳои нав шодоб гардида, мавриди баҳрабардории кишоварзӣ қарор гирифтааст.

Оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон Муовини сарвазири мамлакат, роҳбари комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ Муродалӣ Алимардон ҳисобот дод. Зикр гардид, ки корҳо барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла барқарорсозии роҳҳо, пулҳо, каналу заҳбурҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ муташаккилона ба роҳ монда шуда, барои бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин қитъаҳои замин ҷудо гардид ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз ёфтааст. Бо боварӣ изҳор гардид, ки тамоми аҳолии бесарпаноҳмонда дар муҳлатҳои муайяншуда соҳиби хонаҳои нав бо тамоми ашёи рўзгор мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кўлоб 221,12 га замин барои 800 қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст ва 562 хона сохта, бо тамоми ашёи рўзгор ба аҳолии бесарпаноҳмонда тўҳфа карда мешавад. ҳамчунин барои зарардидагони дигар ноҳияҳои минтақаи Кўлоб низ замин ҷудо шудааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Муъминобод 5 га барои 50 хонавода, Темурмалик 11 га барои 100 хонавода, Восеъ 41 га барои 300 хонавода, Шўрообод 68,11 га барои 400 хонавода, Балҷувон 2 га барои 20 хонавода. Дар ноҳияи Муъминобод 11 хона, Темурмалик 4, Восеъ 41, Шўрообод 13 ва Балҷувон 9 хона сохта, бо тамоми ашёи рўзгор ба аҳолии бесарпаноҳмонда тўҳфа карда мешавад.

ҳамин кор ҳамчунин дар ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакат низ анҷом меёбад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарон ва ҳайати кории тамоми вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марбутаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва ҳамаи соҳибкорону дигар шахсони саховатманде, ки ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида кўмаки худро дареғ надоштанд, арзи сипосу миннтадорӣ кард ва таъкид дошт, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табииро дар ҳамаи минтақаҳои зарардидаи мамлакат таҳти назорати доимии худ қарор додааст. Роҳбарони тамоми сохтору мақомоти дахлдори марказию маҳаллӣ вазифадор шуданд, ки аз рафти корҳои анҷомёфта, мушкилоти пешоянд ва нақшаҳои минбаъда мунтазам ба Сарвари давлат ахбор диҳанд.

Бо қарорҳои ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Шаҳристон 271,31 га барои 1288 оила, ноҳияи Ҷаббор Расулов 433,11 га барои 3647 оила, ноҳияи Спитамен 424,97 га барои 2790 оила, ноҳияи Мастчоҳ 300 га барои 2154 оила, ноҳияи Ғончӣ 1123,48 га барои 7175 оила, шаҳри Истаравшан 1043,9 га барои 9545 оила, шаҳри Исфара 657,29 га барои 6392 оила ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1505,55 га барои 6797 оила ҷудо карда шуд.

Месазад таъкид намуд, ки ин заминҳо бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум ва таъмини аҳолии ниёзманд бо манзилҳои истиқоматӣ ҷудо гаштаанд.

Ба вазорати маорифи мамлакат дастур дода шуд, ки рафти сохтмони мактаби барои 624 нафар хонанда сохташавандаи деҳаи Лиҷаки шаҳри Ваҳдат ва мактаби деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор барои 1176 хонандаро зери назорати доимӣ қарор диҳанд, то ки ҳарду иншооти муҳими иҷтимоӣ бо сифати баланд бунёд ёфта, дар мўҳлатҳои муайяншуда мавриди истифода қарор гиранд.

Дар маҷлиси ҳукумати мамлакат як қатор барномаю стратегия ва дигар санадҳои дастурӣ тасдиқ карда шуд. Аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ, Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015.

Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ», тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳои дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳо «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ» ва «Дар бораи омори давлатӣ» пешниҳод карда шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа баррасӣ шуда, дар назди масъулин баҳри ҷоннок намудани фаъолият дар ҳамаи самтҳои корӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520