Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони ”Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ”

15.10.2018 11:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз, 15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.

Қабл аз оғози форуми мазкур “Намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар истеҳсолкунандагон молу маҳсулоти худро ба тамошои иштирокчиён манзур гардониданд.

Дар форум намояндагони мақомоти қонунгузории кишвар, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушди муқими Тоҷикистон, соҳибкорони бурунмарзӣ (диаспораҳо) сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони ширкатҳо аз 21 кишвари олам ва соҳибкорони ватанӣ, маҷмуан зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд.

Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар он ҷанбаҳои муҳимтарини  соҳаи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавии иқтисодиёт, рушди иқтисодиёти рақамӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, зарурати саъю кӯшишҳои бештари якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истифодаи оқилонаи имконият ва захираҳои мавҷуда, нақши  равандҳои муосири иқтисодӣ дар баланд бардоштани самаранокии натиҷаҳои фаъолият тавассути таъмини шаффофият, сифат ва тавсеаи номгӯи молу хизматрасониҳо ва дар маҷмӯъ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ матраҳ карда шуданд.

Инчунин дар бахши ифтитоҳии форум директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн, президенти ширкати кореягии “Сеул Мачинери” ҷаноби Вон Ҳии Ким, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, ноиби президенти ширкати фаронсавии “Файвс Груп” ҷаноби Жан Франсуа Легран ва директори минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Кассандра Колберт баромад намудаанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои форум, мувофиқаҳои бадастомада ва созишномаҳои дар доираи он баимзорасида ба таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин қавӣ гардонидани иродаи ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имкониятҳоямон мусоидат хоҳанд кард.

Дар фарҷом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили чорумин солгарди “Рӯзи соҳибкорон”-ро барои соҳибкорон муборакбод гуфта, ба аҳли нишаст фаъолияти пурсамар ва барору комёбиҳо орзу намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520