Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Франсия Николя Саркозӣ

03.03.2012 11:00

Президенти Ҷумҳурии Франсия Николя Саркозӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ,
Барои ман шарафи бузург ва боиси фараҳмандист, ки табрикоти самимии хешро дар иртибот ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Франсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ирсол медорам.

Барқарории муносибатҳои дипломатӣ ба равобити дуҷониба миёни давлатҳои мо асос гузошт. Франсия аз ҷумлаи аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ин ба тақвияти муносибатҳо миёни кишварҳои мо, бахусус таҳкими робитаҳои гуногунҷанба, чӣ дар соҳаи сиёсӣ ва чӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мусоидат намуд.

Франсия ва Тоҷикистон ду даҳсола инҷониб паҳлў ба паҳлу ҳамкорӣ доранд.

Дар тўли ин муддат онҳо тавонистанд ҳамдигарро беҳтар шиносанд, ҳамкориҳоро ба манфиати мардуми ҳарду кишвар, ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорч?би ташкилотҳои байналмилалӣ тақвият ва густариш диҳанд.

Франсия муҳимияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ба Шумо барои мусоидат ҷиҳати будубоши Қувваҳои ҳарбию ҳавоии он дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки аз ин ҷо фаъолияти худро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон амалӣ менамояд, ҳамчунин барои дастгириатон дар сулҳу суботи ин кишвар изҳори сипос менамояд.

Ба мардуми дўсти Тоҷикистон хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно намуда, аз Шумо, Ҷаноби Президент, хоҳиш менамоям, ки эҳтироми бепоёну д?стонаи маро нисбат ба худ қабул намоед.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520