Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

05.10.2018 12:24

5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳама сатҳҳо баррасӣ карда, аз натиҷаи сафарҳои ҷавобии давлатӣ, имзои санадҳои нав, хоҳишу талошҳои мардумон барои таҳкими дӯстию бародарӣ, вазъи имрӯзаи робитаҳои ҳамдастии ду кишвар дар бахшҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо ва саъю талошҳои муштарак барои ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид.

Сарвари давлати Ӯзбекистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик намуданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520