Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт»

08.06.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт», ки дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ба кори худ шурўъ кард, иштирок ва суханронӣ намуд.

Қабл аз оғози конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ аз намоишгоҳи аксу мусаввараҳои ҳокӣ аз сарватҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои фаровони обии кишвар дидан карданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки баҳри иштирок дар ин конфронси ҷаҳонӣ намояндагони воломақом аз 70 кишвари ҷаҳон, зиёда аз 65 созмони байналмилалию минтақавӣ ва даҳҳо олимону коршиносони варзидаи соҳа ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз аксҳои пиряхҳои азими Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко, ки бузургтарин дар рўйи замин аст, зикр намуд, ки «дар кишвари мо беш аз 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд ва 60% тамоми оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегирад». Бо ишора ба захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз ҷумла кўли Сарез, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон қодир аст ва омода аст, ки натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки минтақаи аз он хеле фарохтарро бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамеша таъмин намояд» ва таъкид дошт: «мардуми кишварҳои минтақа бояд муътамад бошанд, ки Тоҷикистон ҳаргиз намегузорад, Осиёи Марказӣ аз об танқисӣ кашад».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ дод, ки «дар Тоҷикистон барои ҳифзи покии табиат ҳар сол беш аз 15 ҳазор ниҳол шинонда мешавад. ғайр аз ин, дар зарфи 4 соли оянда бояд дар майдони 50 ҳазор гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд ёбанд».

Зимни шиносоӣ бо мусаввараҳои кўдакон, ки истифодаи аз ҷиҳати экологӣ бехатару безарар, ё худ истифодаи босамар ва сариштакоронаи обро таҷассум менамоянд, ба масъулини соҳа дастур дод, ки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии мусаввараҳоро барои оянда дар мактабҳои олии ин cоҳа таҳсил кардан омода ва пешбарӣ намоянд.

Иштирокдорони конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии барономаи 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, аз меваю сабзавоти тару тоза, асал ва анвои гуногуни хушкмеваҳои хушлаззати Тоҷикистон нўши ҷон карданд.

Кори конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи амалии Барномаи 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз панҷ соли аввали татбиқи Барномаи байналмилалии 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» натиҷагирӣ карда, аз ҷумла ин солҳоро «давраи роҳҷўӣ баҳри ҳалли мушкилоти глобалии дастрасӣ ба оби тоза» маънидод кард ва таъкид дошт, ки нимаи дуюми ин 10 сола бояд «давраи татбиқи тадбирҳои мушаххас» дар ин самт гардад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба таҳлили миёнамўҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» солҳои 2005-2015.

Дар қисмати ифтитоҳии конфронс ҳамчунин Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иҷтимоию иқтисодӣ Ша Тсу Кан, Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Таир Мансуров ва Директори минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба барномаи рушди ин созмон хонум Кори Удовички суханронӣ намуданд.

Ша Тсу Кан паёми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мунро ба иштирокдорони конфронси мазкур қироат намуд. Дар он баҳри таъкид бар аҳамияти ин ҳамоиши ҷаҳонӣ, аз ҷумла омадааст, ки «дар ҷаҳон шумораи одамони аз надоштани дастрасии кофӣ ба оби тоза ҳалокшаванда беш аз он аст, ки дар ҷангҳо ҳалок мешаванд».
Таир Мансуров пешниҳодҳои муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мавриди дастгирӣ қарор дода, ба саҳми Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд дод ва таъкид дошт, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё омода аст, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи ин cоҳа дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид саҳми намоён дошта бошад.

Хонум Кори Удовички ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешниҳодҳои пурҳикмати Тоҷикистон ва пешвоии он дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об арзи сипос намуд. Ў ба истифодаи фарох аз манбаъҳои таҷдидшавандаи истеҳсоли нерўи барқ, аз ҷумла гидроэнергетика таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, изҳор дошт, ки кишварҳои манфиатдор аз «қарзҳои карбонӣ» - ии барои ин ҳадафҳо ҷудошаванда бояд васеъ истифода баранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520