Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари расмӣ дар шаҳри Киотои Япония

03.10.2018 15:32, Япония

Аз шаҳри Хиросимаи Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музофоти Киото ташриф оварданд.

Дар бӯстонсаройи ҳукуматӣ маросими пазироии расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Волии музофоти Киото Такатоши Нишивакӣ ва Раиси шаҳри Киото Дайсаку Кадокава доир гардид.

Дар сухани шодбошии худ Сарвари давлати мо сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Японияро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷараёни рушду тавсеаи бемайлони онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Баъди истиқболи самимии намояндагони воломақоми ҳукумати музофот ва шаҳри Киото ташрифи расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳри қадима аз боздиди “Қалъаи Ниҷоҷо” оғоз шуд.

Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар Киотои қадим 17 макони таърихӣ мавҷуд аст ва “Қалъаи Ниҷоҷо” дар байни онҳо мақоми хоса дошта, ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Асосгузори “Қалъаи Ниҷоҷо” Токугава Иэясу буда, бунёди он соли 1601 оғоз гардида, соли 1626 ба анҷом расидааст.

Майдони умумии қалъа 275 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва танҳо дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ биноҳои гуногун сохта шудааст. Ҳудуди қалъа асосан аз иморатҳои гуногуни таърихӣ ва боғҳо иборат мебошад. Дар маркази қалъа Қасри Ниномару ҷойгир аст.

“Қалъаи Ниҷоҷо” ҳамчун қароргоҳи императори Киото бунёд шуда буд. Худи қасри император бошад, дар кисми шимолу шарқии қалъа ҷойгир аст.

Соли 1939 “Қалъаи Ниҷоҷо” ба макони сайру саёҳати одамон тадбил дода шуд. Дар ҳудуди қалъа якчанд боғ ва дарахтзори олу ва олучаҳои японӣ мавҷуд аст. Боғи Ниномару аз ҷониби меъмор ва усто Кобори Эншу бунёд шудааст.

Дар боғи мазкур ҳамчунин як ҷуйбори калон мавҷуд аст, ки бо сангҳои гуногун ороиш дода шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520