Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.
Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар дар фазои ошкоро ва ҳавасмандии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили мубрами ҳалталаб дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла ба масъалаҳои рушди энергетикаи Тоҷикистон ва фаъолияти босуботи инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионии миёни ду кишвар, зоҳир гардид.
Ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки маводи хўрока, сўзишворӣ ва дигар молҳо, ба ҷуз борҳое, ки барои сохтмони нерўгоҳи Роғун пешбинӣ шудаанд, ба ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қитъаи роҳи оҳани Термез-Амузанг-Қурғонтеппа бемонеа интиқол дода шаванд.
Масоили сохтмони нерўгоҳи Роғун мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро баҳри гузарондани ташхиси мустақили байналмилалии ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии бунёди ин иншооти гидротехникӣ бори дигар таъкид намуд.
Аз рўйи масоили дигари баррасишуда сарони ду давлат ба мувофиқа омаданд, ки баҳри нигаҳдошти фазои ошкору шаффоф дар муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон робитаҳои пайваста дошта бошанд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.