Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

11.06.2010 15:00, Узбекистон

Дар шаҳри Тошкант Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳомид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқоти сеҷониба анҷом дод.

Таваҷҷўҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавии сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ зоҳир карда шуд.

Масоили омодагӣ ба мулоқоти чорҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Россия, ки ба наздикӣ бояд баргузор шавад, низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520