Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Шўрообод

13.06.2010 10:00, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Рўзи 13– уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар кард.

Ҳадафи асосии сафар шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рўзгори мардум пас аз харобкориҳои офати табиӣ, рафти бартарафсозии оқибати он, пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида, инчунин таҳлилу баррасии ҳолати корҳо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон буд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шўрообод оғоз ёфт.

Дар ин ҷо Сарвари давлат бо аҳолии аз боронҳои сел зарардида сўҳбат намуда, бо рафти бартарафсозии оқибати офати табиӣ аз наздик шинос шуд.

Чунонки маълум шуд, дар натиҷаи омадани селоби шадиди шаби 6 – ум ба 7 – уми майи соли равон дар ин ҷо хонаҳои 12 оила пурра хароб шуда, манзилҳои зиёди дигар қисман зарар дидаанд.

Аз оилаи Бозоровҳо, ки аз 7 нафар иборат буданд, падару модар бо 2 писару як духтараш тўъмаи селоб шудаанд. Аз 5 каси ҳалокшуда ҷасади танҳо як нафар ёфт шудааст. Тибқи баъзе маълумоти тасдиқнашуда ҷасади 3 нафари дигар дар соҳили чапи дарёи Панҷ, дар ҳудуди Афғонистон ёфт шудааст ва барои санҷиши ин маълумот ва баргардондани ҷасадҳо чораҳо андешида мешаванд. Аз нафарони дар он хона қарордошта, танҳо Самандари 17 – сола аз селоб наҷот ёфтааст. Бародараш – Бахтёр, ки дар шаҳри Маскав будааст, баъди се рўз омадааст. Аз 13 хонае, ки ба таври хайрия сохта мешаванд, якеаш аз ин ду бародарон аст.

Баъди сўҳбат бо онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳияи Шўрообод дастур дод, ки писари калонӣ – Бахтиёрро хонадор карда, дар ҳамин наздикӣ соҳиби ҷойи кор намоянд. Самандар, ки орзуи хонда, афсари ҳарбӣ шудан дорад, бо квотаи Президентӣ ба факултаи ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қабул хоҳад шуд.

Мардуми деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шўрообод аз ташрифи онрўза ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хушҳолу сарфароз гашта, ба ў арзи спосу миннатдорӣ карданд.

Дар маҳаллаи нави барои зарардидагон ҷудошуда, сохтмони 13 хонаи нав бо суръат ва сифати баланд идома дорад. Дар ҳамин мавзеъ имкони ҷо ба ҷо кардани 480 оила вуҷуд доштааст. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамаи оилаҳои ин ноҳия, ки дар мавзеъҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд, тадриҷан ба ҳамин ҷо кўчонда шаванд ва маҳаллаи нав бо тамоми шароити муосири зиндагӣ, аз ҷумла оби нўшокию зироаткорӣ, барқ, мактабу бунгоҳи тиббӣ ва ғайра таъмин карда шавад.

Дастур дода шуд, ки сохтмони хонаҳои нави ин маҳалла дар муддати 2 моҳ анҷом дода шуда, бо тамоми асбобу ашёи рўзгор ба оилаҳои бехонамонда тақдим карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520