Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз

22.06.2010 18:00, ноҳияи Дарвоз

Нимаи дуюми рўз 23- юми июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон идома ёфт.

Дар ин ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти навро ба истифода супурда, ба сохтмони як нерўгоҳи хурди обӣ оғози расм бахшиш ва бо мардуми хушсалиқаи Дарвоз сўҳбатҳои дилнишин ан ом дод.

Президенти мамлакат нахуст дар наздикии фурўдгоҳи ноҳияи Дарвоз бо кори як хоҷагии деҳқонӣ, ки асосан ба чорводорӣ, боғдорию зироаткорӣ ва парвариши занбури асал машғул аст, аз наздик шинос шуд.

Чунон, ки маълум шуд, аҳли хоҷагӣ дар майдони 20 гектар боғи нав бунёд карда, дар байни қаторҳои навниҳолон тарбуз ва дигар анвои полезӣ кишт намудаанд. Онҳо аз парвариши занбури асал фоидаи хуб мегиранд. Соли гузашта дар ин ҷо аз 170 оила занбур 5 тонна асал ҷамъоварӣ намудаанд.

Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ, маблағи фурўши танҳо сад килогармм асал тамоми хароҷоти солонаи 170 оила занбурро мебарорад. Боқи ҳама фоидаи соф аст. Дар наздикии замини ҳамин хоҷагӣ ҳамчунин пойгаҳи аспдавонӣ гузаронида шуд, ки дар он беҳтарин аспҳову саворони ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд.

Баъди анҷоми он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки иштироки аспсаворони ҷойҳои якум ва дуюмро соҳибшуда дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ таъмин карда шавад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ширғи ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, бо кори Нерўгоҳи обии Ширғ-1, ки бо 2 агрегат як ҳазору 260 киловат соат нерўи барқ истеҳсол мекунад, аз наздик шинос шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин нерўгоҳ баъди супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2009 ба кор дароварда шуд.

Бо оғози кори ин нерўгоҳ ноҳияи Дарвоз дар тамоми фасли сол бо нерўи бар таъмин аст. Дар фасли тобистон бошад, нерўи зиёдатии барқро ба дигар ноҳияҳо интиқол медиҳанд. Дар паҳлўи ҳамин нерўгоҳ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар ҷойи сохтмони нерўгоҳи Ширғ -2 гузошта шуд ва иттилоъ дода шуд, ки он бо иқтидори 594 киловат соат то иди наврўзи соли оянда сохта ба истифода дода мешавад.

Дар сурати ба кор даромадани ин нерўгоҳ ноҳияи Дарвоз метавонад ноҳияи Ванҷро низ қисман бо нерўи барқ таъмин намояд.

Дар маркази ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат бинои нави Бонки давлатии Амонатгузории "Амонатбонк" ба истифода супурда шуд, ки дар он 21 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Дар паҳлўи он ҳамчунин як бинои боҳашамати навбунёди дигар, ки маҷмааи варзишии ноҳия аст, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар толори калони ин қаср дар ҳузури Президенти мамлакат нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштини тарзи Дзю-до барои гирифтани ҷоми Ваҳдати миллӣ оғоз гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи ҷаҳонии олимпӣ ва дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон ифттитоҳ ёфтани ин бинои боҳашамат ва ин мусобиқаи ибратбахшро фоли нек аз ояндаи накуи варзишу варзишгарони тоҷик арзёби намуд ва таъкид дошт, ки ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат ва тавваҷўҳи зиёди соҳибкорони ба ору номуси ватанӣ ба ин соҳа варзишгарони моро ба фатҳи қуллаҳои баланд дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ водор месозанд.

Ба ин муносибат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сад нафар иштирокдорони ин мусоибқаи ҷумҳуриявӣ либоси гуштингирӣ - кимано тўҳфа намуд.

Лисоби гуштингирӣ - кимано ҳамчунин ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гуштингирони овозадори тоҷик Расул Боқиев ва Набимуҳаммад Хоркашев тўҳфа карда шуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии ноҳияи Дарвоз дидан карда, ба ҳайати фармондеҳии он баҳри пурзур намудани ҳифзи сарҳад, мубориза бо сарҳадшиканӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин ободонии ҳудуди қисми низомӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар ноҳияи Дарвоз Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони сершумори аҳолии он аз наздик мулоқоти тўлонӣ анҷом дод, ки дар фазои самимияту муҳаббати беандоза ҷараён гирифт.

Намояндагони мардуми Дарвоз, ки салиқаи хуби шоирӣ, қобилияти ҳозир ҷавобӣ, ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории тоҷикон ва таъриху фарҳанги бостонии ниёгони шўҳратёри худ доранд ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати ваҳдатофарӣ, сулҳпарварию раъиятпарварӣ ва бунёдкориву созандагиаш арзи сипосу қадрдонӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520