Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб

13.09.2018 12:52, ноҳияи Мурғоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ба фаъолияти бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зист оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурда, қитъаи ҷудогардида барои бинои асосӣ 132 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино аз 3-ошёна иборат аст ва он ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино, Осорхонаи гӯсфанди “Марко Поло” ташкил карда шуда, ошёнаи дуюм аз утоқҳои корӣ иборат аст. Дар қабати сеюми бино меҳмонхона бо шароити муосири хизматрасонӣ ташкил карда шудааст. Тавре таъкид гардид, Осорхонаи гӯсфанди “Марко Поло” дар вилоят назир надошта, ҳадафи ташкили он ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодири Тоҷикистон мебошад.

Дар саҳни иншоот ва атрофи бинои мазкур дарахтони мувофиқ ба иқлими ин минтақа шинонида шудааст. Иншоот мутобиқ ба талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, он зебогии маркази ноҳияро дучанд месозад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520