Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Шуғнон

24.06.2010 19:30, ноҳияи Шуғнон

Ҳамватанони гиромӣ!
Падарону модарони азиз!

Рўзи дуюм аст, ки мо ва ҳайати меҳмонон аз марказ ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо мақсади таҷлили ҷашни 13-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ омадаем.

Аз ин рў, ҳамаи шумо - ҳозирини арҷмандро сараввал ба ифтихори ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ, яъне рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, инчунин мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нав ва оғози сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки дар ояндаи наздиктарин аввалин бинои мўҳташаму зебои маркази нави ноҳияи Шуғнон хоҳад шуд, самимона табрик мегўям.

Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои сафари ман ба вилоят, аз ҷумла ба ноҳияи Шуғнон шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рўзгори мардум, пешрафти корҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳои Сардори давлат, қарорҳои ҳукумати мамлакат, бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва суръати тоза бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ мебошад.

Имрўз дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як мактаби наву замонавӣ ва хуштарҳу зебо ба рўҳияи идонаи мову шумо хушҳолии тоза мебахшад.

Бояд гуфт, ки Шуғнон аз номи қадимтарин қавми ориёӣ - сакоиҳо гирифта шудааст, ки чандин ҳазор сол пеш тавассути водии Вахон ба ин диёр омадаанд ва яке аз аҷдодони қадимтарини тоҷикон мебошанд.

Аз ин рў, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Бадахшон таърихи зиндаву бедори миллати тамаддунофар ва куҳанбунёди тоҷик мебошад, ки то ҳанўз ҳамаи паҳлўҳои таърихи ин сарзамин омўхта нашудааст.

Имрўз низ мо ифтихор дорем, ки ноҳияи Шуғнони Бадахшон зодгоҳи қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур, яъне шахсияте мебошад, ки барои таъсис додани ҷумҳурии Шўравии Тоҷикистон ҷоннисориҳои зиёд кардааст ва чанде пеш кулли мардуми кишвар 110-солагии зодрўзи ўро таҷлил намуданд.

Мову шумо бояд таърихи куҳани мардуми худро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, аз корномаҳои фарзандони фарзонаву ҷоннисори миллат сабақ омўзем, ки дарвоқеъ сарчашмаи ҳамаи ин камолоти маънавию омўзишҳо мактаб мебошад.
Одатан мактабу таълимгоҳи хуб метавонад бо парваришу тарбияти фарзандони фарзона фардои неку зиндагии шоистаро барои наслҳои имрўзу оянда фароҳам созад.

Бузургони оламшумуламон илму донишро зевари ботинӣ донистаанд, ки бешубҳа ба такмили ҷаҳонбинӣ, густариши зеҳн, малакаву маҳорат ва ахлоқи ҳамидаи шахс мусоидат менамояд.

Ба қавли Шайх Саъдӣ «ҳунар омўзед, ки мулку давлати дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст. Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлате поянда.

Агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад».

Маҳз ба ҳамин хотир, давлат ва ҳукумати мамлакат ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва рушди пайвастаи он таваҷҷўҳи доимӣ дошта, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ медонад. Дар робита ба ин, дар шаш соли охир дар қаламрави вилояти Бадахшон бунёд, таҷдиду таъмири 89 мактаб сурат гирифта, барои қариб 10 ҳазор хонанда шароити зарурии таҳсил фароҳам оварда шуд.

Аз ҷумла, дар ин давра дар ноҳияи Шуғнон 15 мактаб таъмиру азнавсозӣ гардида, сохтмони омўзишгоҳи касбиву техникӣ барои 350 нафар хонанда босуръат идома дорад, ки аз рўи нақша соли оянда ба истифода дода мешавад.

Бинои мактабе, ки мо имрўз онро ба истифода супоридем, ҳанўз соли 1970 сохта шуда, таъмирталабу фарсуда гардида буд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил ва таъмини хонандагон бо ҷои нишаст, аввалан ҳамаи синфҳои мавҷуда аз таъмири асосӣ бароварда шуда, иловатан боз 8 синфхонаи нав сохта шуд, ки барои таҳсили 240 нафар хонандагон пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки барои бунёди мактаби мазкур аз буҷети давлат қариб 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи шумо-омўзгорону хонандагон ва падару модарон маросими ифтитоҳи ин даргоҳи нави илму донишро муборак гуфта, дар навбати худ ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин муассисаи таълимӣ саҳми арзанда гузоштаанд, арзи сипос менамоям.

Бовар дорам, ки мактаби мазкур барои ба камол расонидани кадрҳои дорои дониши баланд мусоидат намуда, шумо - мактаббачагон бо хониши хубу аъло ва одобу рафтори ҳамида сазовори номи шаҳрванди соҳибмаърифату ватандўсти давлати соҳибистиқлоли худ мегардед.

Зеро заминаи асосии дўст доштани Ватан – Модар ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ аз остонаи мактаб оғоз гардида, дар замири шумо ифтихори ватандўстиву ватандорӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, ҳифзи марзу бум, эҳтироми арзишҳои маънавию фарҳангии миллиро тарбия менамояд.

Бинобар ин, вазифаи асосии хонандагони мо, пеш аз ҳама омўзиши илму дониш, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, азхуд намудани дастовардҳои технологияи муосир ва касбу ҳунар мебошад.

Дар баробари дастовардҳо дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанўз ҳам як қатор мушкилиҳо, аз қабили нарасидани мизу курсӣ, китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти муосири варзишӣ ба мушоҳида мерасанд.

Аз ин рў, ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Шуғнон супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то соли нави таҳсил ҳаллу фасл намудани мушкилоти мазкур чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки шумо медонед, дар доираи барномаи қарздиҳӣ ба ноҳияҳои кўҳистони кишвар, аз ҷумла Шуғнон ҷудо кардани қарзҳои хурдро мо ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимтарини густариши соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ эълон кардаем. Дар чор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда ба маблағи 2, 5 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия татбиқи 3 лоиҳаи инвеститсионӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрўз қариб се миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, барои соҳаи сохтмони асосии ноҳия, аз ҳисоби сармоягузориҳои асосии мутамарказ зиёда аз 2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрўз ба маблағи қариб 900 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониву васлгарӣ ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, ҳоло дар ноҳия сохтмони терминали ҳамлу нақли бору маҳсулот босуръат идома дорад, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш, бешубҳа, барои арзон шудани нархи молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Дар шароити кунунии Тоҷикистон бунёди иншооти гидроэнергетикӣ масъалаи ҳаёту мамот аст.

Бояд гуфт, ки нерўгоҳи калонтарини барқи обии вилоят “Помир-1” дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон воқеъ буда, дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад. Бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти нерўгоҳ соли гузашта бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноат ва роҳбарияти ширкат бо яке аз ширкатҳои бонуфузи давлати ҳиндустон оид ба тайёр намудани генератор барои дастгоҳи дуюми нерўгоҳи мазкур шартнома баста шуд.

ҳоло генератори номбурда омода гардида, вақтҳои наздиктарин ба қаламрави вилоят оварда хоҳад шуд.

Маҳз дар натиҷаи тадбирҳое, ки ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди соҳаи гидроэнергетикаи вилоят андешидааст, чанд сол инҷониб дар Бадахшон мушкили камбуди барқ бартараф карда шуд.

Махсусан дар солҳои охир таъсис ёфтани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ натиҷаи ҷиддии чунин тадбирҳои мебошад.

Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, чанде пештар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошта будам, ки дар доираи чорабиниҳои пешбиникардаи ислоҳоти музди меҳнат аз якуми июли соли ҷорӣ ҳадди ақалли музди меҳнат ва нафақа ба андозаи на камтар аз 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Ва тавре ки шумо хабар доред, рўзи 21-уми июн Фармони Президенти кишвар дар ин хусус ба имзо расид.

Илова бар ин, аз 1-уми октябри соли ҷорӣ на камтар аз 15 фоиз зиёд намудани нафақа, инчунин музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар назар дошта шудааст. Татбиқи ин амр дар самти беҳтар кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз фаъолияти босамари мо вобаста аст, зеро барои минбаъд баланд гардидани маош бояд заҳмати софдилонаву садоқатмандонаи худро дучанд намуда, буҷети давлатро ғанӣ гардонем.

Бояд гуфт, ки ҳифзи саломатии мардум, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои дигари муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, ки то кунун дар мамлакат, аз ҷумла дар вилоят дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расидаанд ва ин раванд дар оянда низ идома меёбад.

ҳамзамон бо ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони маркази саломатӣ босуръат идома дорад ва дар вақтҳои наздик ба истифода супорида мешавад, ки барои беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Солҳои охир ба муассисаҳои тандурустии ноҳия вобаста ба эҳтиёҷоти онҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ асбобу таҷҳизоти ташхисии тиббӣ ворид гардид.

Масъалаи дигаре, ки дар аксари муассисаҳои тиббии ноҳия ба мушоҳида мерасад, нарасидани нақлиёт ва алоқаи телефонӣ мебошад.

Бинобар ин, вазоратҳои тандурустӣ, нақлиёт ва коммуникатсия вазифадор карда мешаванд, ки доир ба беҳтар кардани вазъи мавҷуда ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин, ба вазоратҳои маорифу тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки масъалаи норасоии кадрҳои тиббии вилоятро ҳаматарафа омўхта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд.

Омили дигаре, ки метавонад ба буҷети ноҳия маблағҳои зиёд ворид намояд, ташкил кардани санаторияву марказҳои тиббию фароғатӣ мебошад. Зеро дар Бадахшон, аз ҷумла дар ноҳияи Шуғнон чашмаҳои зиёди табобатӣ мавҷуданд, ки бе хароҷоти зиёд, яъне ба таври табиӣ метавонанд беморонро шифо бахшанд.

Инчунин дар ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда коргоҳҳои хурди дорусозӣ ва обҳои маъдании шифобахшро ташкил кардан зарур аст.

Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки доир ба масъалаҳои зикршуда чораҷўӣ намоянд.

Инчунин, ба Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ, ташкил кардани фурўшгоҳи китоб ва дастрас кардани китобҳои тозанашр тадбирҳои фаврӣ ва муассир андешанд.

Дўстони азиз!

Мо имрўзҳо ҷашни Ваҳдати миллиро таҷлил намуда истодаем. Бо гузашти солҳо мардуми сарбаланду шарифи Тоҷикистон аҳамияти бузурги сулҳу суботи ҷомеаро беш аз пеш амиқтар дарк карда истодаанд. Зеро сулҳу субот пояи муҳимтарини ҳар як давлат ва асоси пешрафти ҷомеа мебошад.

Ваҳдате, ки мо сездаҳ сол қабл ба шарофати хиради азалӣ ва азму иродаи қавии мардуми сарбаланду шарифи Тоҷикистон ба даст овардем, имрўз аллакай меваҳои худро ба бор овардааст. Маҳз ваҳдати миллӣ решаҳои истиқлолияти давлатии моро мустаҳкам карда, ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи устувор гузошт. Ва дар як муддати кўтоҳ мо дар арсаи ободониву бунёдкории ватанамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Дар марҳалаи кунунӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпарасти Тоҷикистон тақозо мегардад, ки барои ҳифзи муқаддасоти Ватан, яъне истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ва арзишҳои таърихиву маънавӣ саҳми босазои худро гузорад. Мароми мо таҳкими фарҳанги сулҳ аст, ки нишонаи барҷастаи он кохи мўҳташами ваҳдати миллии тоҷикон мебошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди Бадахшон, аз ҷумла сокинони меҳнатдўсту меҳмоннавози Шуғнон бо дарки амиқи ҳадафҳои неки созанда ва ба хотири иҷрои вазифаҳои гузошташуда қуввату ғайрати худро минбаъд низ ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ равона месозанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо ҷашни фархундаи Ваҳдати миллиро бори дигар самимона табрик гуфта, бароятон рўзгори хушу осуда, азму иродаи қавӣ ва пешрафту сарбаландӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату хушбахт бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520