Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

11.09.2018 14:17, ноҳияи Дарвоз

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвозро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Иншооти мазкур сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 1160 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани иншооти мазкур бо барқ як трансформатори иқтидораш 250кВ, дизел-генератори иқтидораш 30кВт насб карда шудааст.

Ҳамчунин дар гирду атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, роҳҳо сафолакпуш ва назди иншоот чароғон гардидааст.

Баъди ифтитоҳи бинои мақомот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи куҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520