Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.09.2018 18:11, шаҳри Душанбе

Дар арафаи фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимиро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон ба анъанаҳои неки дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд. Миёни кишварҳоямон муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ, ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин ҳамгироии созанда дар ҳалли мушкилоти мубрами минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.

Мутмаинам, ки мо дар оянда низ иттифоқӣ ва шарикии стратегии миёни Россияву Тоҷикистонро ба манфиати халқҳоямон ва ба хотири  суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшем.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз таҳти дил саломатии бардавом ва муваффақиятҳо, ба шаҳрвандони Тоҷикистон-сулҳу некӯаҳволӣ таманно дорам».

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон,

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва инчунин мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро изҳор намоям.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи рушдро муваффақона интихоб намуд, ки ин мутобиқ ба махсусиятҳои миллии кишвар мебошад.  Дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди босуръати иқтисодӣ, беҳтаргардии мунтазами некӯаҳволии мардум ва тақвияти нуфуз ҳам дар минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ба назар мерасад. Чин ҳамчун ҳамсояи дӯсти Тоҷикистон аз ин самимона хушҳол аст.

Дар ҷараёни ҳамоиши СҲШ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Синдаои Чин баргузор шуд, мо бо Шумо гуфтушунидҳои самаранок гузаронида, оид ба тақвияти ҳамкорӣ миёни давлатҳоямон дар ҳамаи самтҳо ба тавофуқоти муҳим расидем. Ман ба рушди муносиботи Чину Тоҷикистон аҳамияти калон дода, мехоҳам кӯшишҳои муттасили муштаракамонро якҷоя бо Шумо барои ба даст овардани комёбиҳои нав дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи шарикии стратегӣ ба манфиати давлатҳо ва мардумонамон равона намоям.  

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву қудрат ва ба мардуми он саодату некуаҳволӣ таманно дорам».

Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп дар номаи табрикотиш гуфтааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Бо камоли хушнудӣ Шумо ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолият табрик менамоям, ки ин рӯз чун 27-умин солгарди озодию соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Тӯли ин муддат, Иёлоти Муттаҳида дар паҳлӯи Тоҷикистон ҳамчун шарик баҳри шукуфоӣ ва амният қарор дошт. Алалхусус, дар робита ба ҳамлаи террористӣ, ки тобистони соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм изҳори сипос менамояд. Мо минбаъд низ ҷиҳати тақвияти раванди мубодилаи иттилооти зарурӣ ӯҳдадориҳоямонро идома хоҳем дод, то ки чунин ҳодисаи нохуш ҳаргиз такрор наёбад.

Дар ин санаи 9-уми сентябр, мо барои солҳои сипаришудаи шарикиамон ба Шумо сипосгузорем. Аз номи мардуми Амрико орзуҳои самимиро ҷиҳати идомаи ҳамкориамон ба хотири Тоҷикистони босубот, гулгулшукуфон ва демократӣ иброз менамоям».

Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ман ва тамоми мардуми сермиллати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҷашни миллии кишваратон - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед!

Мо дар Ӯзбекистон аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон - ҳамсояи наздиктаринамон дар ҳама соҳаҳо, ки бо шарофати сиёсати дурбинона, ҳикмати давлатдорӣ, меҳнати фидокорона ва маҳорати одамонро муттаҳид намудани Шумо имконпазир гаштаанд, самимона хушҳолем.

 Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар дар фазои сулҳу осоишта рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона таъмин гардида, нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад.

 Мехоҳам саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва ҳамкории зичи миёни давлатҳо ва мардумонамон махсус зикр намоям.

Вохӯриҳои мунтазам ва эътимоднок ва ташрифҳои мутақобилаи таърихиамон дар сатҳи олӣ, ки соли равон анҷом дода шуданд, инчунин сафари давлатии аввалини Шумо ба кишвари мо моҳи гузашта муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд.

Тавофуқҳои бадастомада ва санадҳои рамзии баимзорасида ба тавсеаи ҷиддии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, энергетика, фарҳанг ва санъат, робитаҳои байниминтақавӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок равона гардидаанд. Онҳо, бешубҳа, барои рушди дарозмуддати ҳамгироии созанда ва пурсамар аҳамияти бузург доранд.

Консертҳои бошукӯҳи ходимони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин табодули фаъолонаи гуманитарӣ бори дигар умумияти таърихӣ ва фарҳангии моро баръало тасдиқ намуданд.

Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо дар Ӯзбекистон қатъиян ҳавасманди тақвияти минбаъдаи муколамаи ошкоро ва боэътимод буда, омодаем ҳамаи имконотро барои ҳамкории фарохтар истифода барем.

Дӯстӣ миёни мардуми ӯзбек ва тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо побарҷост ва имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки барои ба насли оянда намуна гардидани муносибатҳои ҳақиқии дӯстонаамон тамоми имконотро истифода намоем.

Мутмаинам, ки мо бо талошҳои муштарак татбиқи самарабахши иқтидорҳои шарикии стратегиро ба манфиати кишварҳо, мардумони бародарамон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин хоҳем намуд.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи арҷманд, саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон муваффақиятҳои нав, инчунин ба мардуми Тоҷикистон - сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, ки ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии кишваратон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ аз номи мардум ва Хукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимонатарин табрикот ва таманниёти холисонаи худро изқор намуда, ва ба Ҳукумат ва мардуми дӯст пешрафту шукуфоии бештарро таманно дорам.

Салому паёмҳои гарми моро Ҷаноби Олӣ бипазиред».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Подшоҳи Белгия – Филипп, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия – Александр Ван дер Беллен, Президенти Румыния – Клаус Вернер Йоханнис, Президенти Ҷумҳурии Сингапур – Ҳалима Якуб, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ – Матамела Сирил Рамафоза, Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ – Юрий Хачатуров ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 27-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520