Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои нави меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ёвон

06.09.2018 11:55, шаҳри Душанбе

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 6 сентябри соли 2018 дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави меҳмонхонаи замонавиро  ба истифода доданд.

Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Акбар Ғуломов бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, тамоми утоқҳои он бо лавозимоти муосиру зарурии истироҳату фароғат таъмин мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар  ошёнаи якуми бино бо шароити ҳуҷраҳои махсус, аз ҷумла, ҳуҷраҳои оилавии истироҳату хоб  шинос шуданд.

Дар қабати якуми меҳмонхона ҳамчунин ҳаммом, ҳавзи шиноварӣ бо услуби хизматрасониҳои муосир, аз ҷумла, толори машқу тамрини бадан низ бунёд  карда шудааст.

Имконоти хизматрасонии меҳмонхона дар як вақт барои 20 нафар пешбинӣ шуда, бошандагони он метавонанд дар худи бино аз хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла, ошхона ва дигар имконоти хобу  истироҳат  пурсамар истифода намоянд.

 Меҳмонхона аз 12 ҳуҷраи махсус иборат буда, дар қабати 2-юми он  8 ҳуҷра ва нуқтаи алоҳидаи ошпазӣ, қабулгоҳ барои меҳмонон ва толори мулоқотҳои расмӣ ҷойгир  шудааст.

Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки давоми 1,5 сол идома ёфт, беш аз 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконот ва шароити хизматрасонии маҷмааи тозабунёд, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, шинос гардида, ба сифати корҳои зимни бунёди меҳмонхона анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дар саҳни меҳмонхонаи тозабунёд шаршара сохта шуда,  атрофи онро гулу буттаҳои ороишиву сояафкан, аз ҷумла, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда оро медиҳанд.

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520