Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми вохўрӣ бо сокинони ноҳияи Мурғоб

25.06.2010 13:00, ноҳияи Мурғоб

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мўҳтарам!

Имрўз мову шумо дар арафаи таҷлили санаи муқаддас ва мубораки миллӣ –Рўзи ваҳдат ба меҳмонии мардуми сарбаланди ноҳияи дурдасту сарҳадии Мурғоб, ки дар пойгоҳи қуллаи Сомониён ва домани кўли зебоманзари Сарез қарор дорад, омадем. Ба муносибати ин ҷашни бузурги тақдирсоз ҳамаи шуморо самимона табрик мегўям.

Аз рўзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки халқи Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва Ватани азизамонро аз хатари нестшавӣ наҷот бахшид, сездаҳ сол гузашт.

Дар тўли ин солҳо аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди Бадахшон ва ноҳияи Мурғоб барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва тақдирсози мамлакат, бахусус расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.

Натиҷаи якдиливу сарҷамъӣ ва ваҳдати миллии мардуми мо буд, ки дар тўли ин солҳо нерўгоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Хоруғ», инчунин нерўгоҳи «Оқсу»-и ноҳияи Мурғоб бунёд гардида, имрўз талаботи аҳолии вилоят ва ноҳияро ба нерўи барқ, ҳатто беҳтар аз дигар минтақаҳои кишвар таъмин мекунанд.

Имрўз мову шумо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - Рўзи ваҳдат хишти нахустини боз як иншооти муҳим - нерўгоҳи барқи обии «Оқсу-2»-ро гузоштем, ки бунёди он тибқи Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҷумҳурии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ амалӣ хоҳад гардид.

Мутобиқи созишномаи мазкур баъди таҳияи санадҳои асосноккунии иқтисодиву техникӣ барои бунёди ин нерўгоҳ ба маблағи қариб 30 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок равона карда мешавад.

Сарзамини мо ҳамеша макони дўстиву рафоқат, ҳусни бародариву ҳамҷаворӣ буда, дар солҳои истиқлолият аз баракати сулҳу субот ва фазои мусоиди созандагӣ ба як ҷабҳаи кору пайкори ҳамагонӣ табдил ёфтааст, ки намунаи олии он бунёди даҳҳо иншооти хурду бузурги кишвар шуда метавонад.

Гузашта аз ин, дар сохтмони шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кўлоб-Хоруғ-Кулма фарзандони бонангу номуси тамоми гўшаю канори Тоҷикистон, аз ҷумла бародарони қирғизи мо - роҳсозони Мурғоб саҳми арзанда мегузоранд. Ин роҳи мошингарди байналмилалӣ, ки кишвари азизи мо Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Мурғобро бо Хитой, Афғонистон ва Покистон мепайвандад, бешубҳа роҳи дўстиву ҳамкорӣ гардида, барои ривоҷи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Имрўз ноҳияи Мурғоб дар мувозинаи худ 625 километр роҳҳои мошингард, аз ҷумла қариб 400 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро дорост.

ҳукумати кишвар мутобиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои сохтмони роҳи мошингарди Мурғоб-Тўхтамиш аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашуда беш аз 5 миллион сомонӣ ва барои барқарорсозии мавзеъҳои харобгаштаи роҳи «Кулма-Мурғоб-Хоруғ» ҷудо кардани маблағи 5 миллион сомониро пешбинӣ намудааст.

Тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми апрели соли 2005 «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар солҳои 2005-2009» ҳаҷми маблағгузории умумӣ 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар тўли солҳои 2005-2010 барои сохтмону барқарорсозии иншооти гуногуни ноҳия 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки беш аз 35 фоизи маблағгузории дар нақшаи мазкур пешбинишударо ташкил медиҳад. Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудаанд.

Мутобиқи қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2008 тартиби анҷом додани тиҷорати наздисарҳадӣ тасдиқ карда шуда, айни замон дар гузаргоҳи «Кулма-қарасу» бозорҳои наздисарҳадӣ амал карда истодаанд.

Солҳои охир дар натиҷаи ба истифода додани роҳи мошингарди Кўлоб-Хоруғ-Кулма ва густариши тиҷорат бо ҷумҳурии Халқии Хитой ҳаҷми муомилоти мол ва гардиши савдои хориҷӣ чандин баробар афзудааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанўз хеле зиёданд.

Аз ин рў, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, Хадамоти гумрук, ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки рафтуои бемамониат ва доимии нақлиётро аз тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ таъмин намуда, барои афзоиши ҳаҷми содироту воридот ва хизматрасонии замонавии гумрукӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Шароити имрўзаи иқтисоди бозорӣ тақозо менамояд, ки вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ дар баробари имкониятҳои сармоягузории давлатӣ аз имкониятҳои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳарчи бештар истифода намоем.

Вале тибқи маълумоте, ки ман дар даст дорам, моҳҳои январ-апрели соли 2010 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба мизоҷони ноҳия ба маблағи ҳамагӣ як миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 322 ҳазор сомонӣ ё ин ки 23,5 фоиз кам мебошад.

Бинобар ин, ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ тавсия мешавад, ки барои густариши соҳибкорӣ ва тиҷорат дар мавзеъҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб ба таври иловагӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо намоянд.

ҳадафи мо аз ин иқдом, пеш аз ҳама, истифода намудани захираҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ, густариши фаъолияти чорводориву фермерӣ, коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, сангҳои ороишӣ ва монанди инҳо мебошад.

ҳарчанд ки Корхонаи воҳиди давлатии «ҷамаст» дар ноҳияи Мурғоб ба истихроҷи ёқути кони «Снежное» машғул аст, вале сатҳу сифати коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ҳанўз ба талаботи бозори имрўза ҷавобгў нест.

Оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои коркард ва истихроҷи кони нуқраи Оқчилга соли 2006 тендер баргузор гардида буд ва ҳоло як ширкати ҷумҳурии қазоқистон дар ин мавзеъ корҳои омўзишиву ҷустуҷўиро идома дода истодааст.

Дар бахши коркард ва истихроҷи кони тиллои Рангкўл бошад, Вазорати энергетика ва саноат бо мақсади ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо лоиҳаи инвеститсиониро пешниҳод кардааст ва масъалаи мазкур мавриди омўзиш қарор дорад.

ҳукумати кишвар ба ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияҳои дурдасти кўҳистон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб диққати доимӣ медиҳад. Рушди маориф дар ин самт таҳти таваҷҷўҳи хоса қарор дорад. Имрўз шумораи умумии мактабҳо дар ноҳия ба 14 адад расида, дар онҳо 400 нафар омўзгорон фаъолият доранд. Илова бар ин, дар маркази ноҳия сохтмони мактаби нави дорои ҳамаи шароити муосир, аз ҷумла толори варзишӣ барои 480 талаба идома дорад. Ёдовар мешавам, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар ноҳия ҳамагӣ 9 мактаб ва 220 нафар омўзгорон фаъолият мекарданд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таъкид намоям, ки аҳли маорифи ноҳия ба сифати таълими фанҳои дақиқ ва забони давлатӣ бояд аҳамияти махсус диҳанд.

Бо дастгирии ҳукумат дар соҳаи ҳифзи тандурустии аҳолӣ низ хеле корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти кишвар сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Рангкўл ба итмом расида, бунёди якчанд бунгоҳҳои тиббӣ идома доранд.

Хатмкунандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Мурғоб ҳамасола аз квотаи Президентӣ баҳраманд мешаванд. Дар давоми солҳои соли 2006-2010 қариб 100 нафар ҷавонон ба мактабҳои олии кишварамон, инчунин ҷумҳурии қирғизистон дохил шудаанд.

Аз ноҳияи Мурғоб танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 14 нафар донишҷўён, аз ҷумла тибқи квотаи Президентӣ 11 нафар таҳсил доранд.

Айни ҳол дар ноҳияи Мурғоб чор лоиҳаи сармоягузорӣ - лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф, фонди каталитикӣ, таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, беҳтар намудани нигоҳдории вазъи роҳҳо амалӣ гардида истодааст, ки маблағҳои умумии то имрўз азхудшудаи онҳо зиёда аз 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ҳудуди ноҳия барои рушди туризм, бахусус кўҳнавардӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Зеботарин кўли Тоҷикистон - кўли Сарез, ки ҳаҷми оби софу шаффофаш тақрибан 17 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст.

Илова бар ин, кўлҳои афсонавӣ ва зебоманзари қаракўл, Рангкўл, Заркўл, Шўркўл ва Яшилкўл метавонанд чун Искандаркўли овозадор ба яке аз василаҳои воқеии пешрафти туризм табдил ёбанд.

Дар ҷараёни истифода аз захираҳои бою рангоранги сарзамини маҳбубамон ҳамаи мо як масъаларо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки мо як Модар-Ватан дорем ва вазифаи ҷониву қарзи фарзандии мост, ки ба қадри ин Ватани озоду соҳибихтиёр, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва дўстиву бародарӣ расем, онҳоро эҳтиёт кунем ва аз ҳарвақта дида ҳушёртару зирактар бошем.

ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки аз захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаамон оқилонаву сарфакорона истифода барем, ҳангоми доир намудани маросиму маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, маблағҳои сарфашударо барои таълиму тарбияи беҳтари наврасону ҷавонон ва ободии хонаву дари худ, кўчаву маҳалҳои аҳолинишин ва дигар корҳои хайр сарф намоем ва дар хотир дошта бошем, ки ин ҳама корҳои хайр низ нишонаи ватандориву ватандўстии мо мебошад.

ҳифзи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамзистӣ, дўстии байни мардумони гуногунмиллати сокини шаҳру ноҳияҳои кишварамон низ вазифаи ҳар фарди огоҳу солимфикр мебошад. Таърихи будубоши деринаи тоҷикон ва қирғизҳо дар ноҳияҳои Мурғобу ҷиргатол ва Исфара шаҳодат медиҳад, ки ин мардум дар ҳудуди сукунаташон ҳусни дўстиву бародариро ҳамеша пос дошта, то андозае бо ҳам қарин гаштаанд, ки ҳатто ҳамдигарро ба қавму миллат ҷудо намекунанд.

Мову шумо бояд ба қадри ин дўстӣ, ба қадри Ватану ватандорӣ, ба қадри осоишу амният, ба қадри ҳар соати умри азиз ва меҳнати осудаҳолона расем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Ин дўстиву рафоқат ва эҳтирому бародарӣ аз оини деринаи фарҳангсолориву инсондўстӣ сарчашма гирифта, имрўз дар заминаи ваҳдати миллӣ ва иттифоқу ҳамраъйӣ боз ҳам қавитару пойдортар мегардад.

Бо ҳамин умеду ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рўзи ваҳдати миллӣ табрик карда, бароятон саломатӣ, хушбахтиву осудаҳолӣ ва дўстиву рафоқати ҳамешагӣ орзу менамоям.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520