Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”

17.08.2018 19:14, Ӯзбекистон

17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии ӯзбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Ӯзбекистон” дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақом ва ҳайати бонуфузи Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, ташрифи онҳоро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мардуми ӯзбек изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар баромади худ Сарони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

Консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, хушу хотирмон идома ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520