Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе

14.08.2018 10:40, шаҳри Душанбе

14 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯстро мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст моҳи апрели соли 2017 оғоз гардид.

Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст баҳои баланд доданд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст аз чор ошёна иборат буда, дорои 69 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, дарсӣ, китобхонаи электронӣ, бойгонӣ, шуъбаи қабулгоҳи беморон, шуъбаи бемориҳои пӯсти калонсолон, шуъбаи бемориҳои пӯсти хурдсолон, шуъбаи ташхисгоҳ, шуъбаи физиотерапевтӣ ва бахши гиёҳдармонӣ мебошад.

Дар 5 озмоишгоҳи беморхона, аз ҷумла озмоишгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, серологӣ, вирусологӣ ва имунологӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шудааст, ки қаблан чунин имконоти ташхису табобат мавҷуд набуд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ барои 100 нафар, толори варзишӣ, болобар (лифт) ва 50 кат барои беморон мебошад.

Дар пойгоҳи беморхонаи мазкур кафедраи дерматовенералогияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибнӣ Сино фаъолият дошта, барои донишҷӯён дар ин ҷо шароити арзанда фароҳам мебошад.

Бахши гиёҳдармонӣ дар фаъолияти беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст мавқеъи намоён дошта, тавассути номгуи васеъи гиёҳҳои шифобахш мутахассисон хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд.

Бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст бо системаи гармидиҳӣ, хати озод ва аз сӯхтор огоҳкунанда пайваст мебошад.

Шароити муҳайёгардида, аз ҷумла насби дастгоҳу таҷҳизоти нодири тиббӣ дар беморхонаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки хизматрасонӣ ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Дар саҳни бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати озоду самимӣ намуда, таббибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба аҳолӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаи муқаддасашон ҳидоят карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520