Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ Президенти Ҷумҳурии Федероли Олмон Кристиан Вулф

02.07.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Федероли Олмон Кристиан Вулф барқияи шодбош фиристод. Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад:

«Лутфан, табрики самимонаи маро ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Федероли Олмон интихоб шуданатон қабул фармоед.

Муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарокати давлатҳоямон тӯли солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфтанд. Боварӣ дорам, ки мо ҳамроҳи Шумо, ҷаноби аълоҳазрат ба муносибатҳои кишварҳоямон нерӯи тоза бахшида, соҳаҳои ҳамкории худро ғанитару васеътар хоҳем гардонд. Ба Шумо, ҷаноби Президент дар фаъолияти давлатиатон барору комёбӣ ва ба халқи мамлакататон сулҳ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520